03.09.2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ – фарҳангии «Шукуҳи Истиқлол» бахшида ба ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён, як қатор роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва собиқадорони хизмати давлатӣ, ки даъват шуда буданд, иштирок намуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бо баромади пурмуҳтаво аз таърихи ташаккули Истиқлоли давлатӣ ва хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд карданд. Афзуданд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории навини Тоҷикистон, сол ба сол афзудани обрӯю нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ, таҳлили дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони 35 соли Истиқлоли давлатӣ, таҳлили марҳилаҳои муҳими рушди сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар, инчунин муайян намудани дурнамои минбаъдаи рушди устувор саҳми хело бузург доранд, -зимни баромадашон зикр намуданд.
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин дастоварди сиёсӣ ва таърихӣ ба шумор меравад. Барои миллати тоҷик Истиқлол танҳо ба даст овардани соҳибихтиёрии давлатӣ нест, балки эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносӣ, эҳтиром ба забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои муқаддаси миллӣ мебошад. Истиқлолият танҳо ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ нест. Истиқлол масъулият аст. Масъулияти ҳифзи Ватан, таҳкими давлатдорӣ, эҳтироми қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯз ва фардо маҳсуб меёбад, -қайд карданд ректори донишгоҳ.
Дар рафти чорабинии мазкур аз ҷониби ректори донишгоҳ Раҳмонзода З. Ф. ба 35 нафар ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён Ифтихорнома, 5 нафар бо медали ҷашнии “35 солагии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон” ва 6 нафар омӯзгороне, ки дар арафаи ҷашни фархундаи Истиқлоли давлатӣ ба гирифтани дараҷаи илмии номзади имл сазовор гардиданд, бо қарори Шурои олимони донишгоҳ ба маблағи 5 ҳазор сомонигӣ маблағҳои ҳавасмандӣ тақдим карда шуд.
Ба чорабинии маърифатӣ – фарҳангии “Шукуҳи Истиқлол” аҳли ҳунармандони ансамбли тарона ва рақси “Зуҳал”-и донишгоҳ бо сурудҳои ватандорона ва васфи зебогиҳои Тоҷикистон шукуҳи идона бахшиданд.

