ҲАМКОРИИ ДОНИШГОҲ БО БАХШИ БОНКДОРӢ: ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОДИ «САНОАТСОДИРОТБОНК»

Дар доираи ҳамкориҳои судманд байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва корхонаву ташкилотҳои ватанӣ, инчунин дар ҳамоҳангӣ бо шуъбаи рушди касбият ва мониторинги хатмкунандагон, имрӯз донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва молия дар чорабинии “Рӯзи дарҳои кушод”-и КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» иштирок намуданд. Чорабинӣ бо мақсади шиносоии наздики донишҷӯён бо фаъолияти низоми бонкдорӣ, имкониятҳои касбӣ ва раванди хизматрасониҳои молиявӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ барои иштирокчиён мастер-классҳо ва муаррифии амалии самтҳои фаъолияти бонк пешниҳод гардид, ки ба баланд бардоштани дониши амалӣ ва касбии донишҷӯён мусоидат намуд. Донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси “Таъмини иттилооти бизнес” Аббосов Муҳаммадрасул ва ихтисоси «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат» Музафаров Шаҳром дар рафти мастер-класс фаъолона иштирок намуда, бо баромади худ таваҷҷуҳи масъулинро ҷалб карданд.
Дар натиҷаи иштироки фаъол Аббосов Муҳаммадрасул ва Музафаров Шаҳром бо Сипосномаи Раиси Раёсати КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» қадрдонӣ гардиданд. Чунин чорабиниҳо дар таҳкими робитаи донишгоҳ бо бозори меҳнат ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар соҳаи иқтисоду молия нақши муҳим мебозанд.
26.05.2026, КВД БССТ «Саноатсодиротбонк»

Leave a Reply