Дар асоси супориши муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 майи соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Донишгоҳ бо ҳайати тиҷоратӣ ва илмии Ҷумҳурии Чехия баргузор гардид. Дар ҳайати меҳмонон намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Чехия дар Тошканд, Вазорати саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия, инчунин намояндагони ширкатҳо, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар иштирок намуданд.
Дар оғози мулоқот ректори Донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ташрифи меҳмононро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, аз таваҷҷуҳи ҷониби Чехия ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои илм, технология, саноат ва таҳсилоти олӣ изҳори сипос намуд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳадафи асосии мулоқот роҳандозии ҳамкориҳои судманд миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, муассисаҳои зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Чехия мебошад. Дар ин замина масъалаҳои иштирок дар озмунҳо ва лоиҳаҳои байналмилалии илмию таълимӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таҳқиқотӣ, рушди инноватсия, табодули академӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ-техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд карда шуд, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисаҳои пешбари техникии кишвар дар самтҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, зеҳни сунъӣ, робототехника, системаҳои рақамӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ мутахассисон омода намуда, барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ имкониятҳои васеъ дорад. Вобаста ба ин, ҳайати меҳмонон аз пойгоҳи моддию техникии Донишгоҳ боздид ба амал оварда, бо имкониятҳои таълимию илмии муассиса шинос шуданд.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои татбиқи технологияҳои муосир дар истеҳсолот, рақамикунонии соҳаи саноат, рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин роҳандозии семинарҳо, конференсияҳо ва барномаҳои муштараки таълимиро муҳокима намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дарозмуддат ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки илмию таълимӣ ва технологию саноатӣ баён намуда, чунин мулоқотҳоро заминаи муҳим барои рушди муносибатҳои байналмилалии илмию техникӣ арзёбӣ карданд.

