Санаи 13-уми январи соли 2026 намояндагони Донишкадаи технологии Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаю самараноки байналмилалӣ ба Донишгоҳ ташриф оварданд.
Меҳмонон бо фаъолияти таълимӣ, илмӣ, байналмилалӣ ва инфрасохтори Донишгоҳ аз наздик шинос шуда, бо роҳбарияти он вохӯрии судманд баргузор намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ва дар ин замина таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси маркази омӯзиши забон ва фарҳанги чинӣ, роҳандозии корҳо вобаста ба фаъолияти IT-парк ва дигар самтҳои муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ ба масъалаҳои таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, ташкили мубодилаи академии омӯзгорону донишҷӯён, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон ва гузаронидани тадқиқоти муштараки илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дарозмуддат ва татбиқи ташаббусҳои муштарак ба манфиати ҳар ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иброз намуданд.

