БА ИСТИҚБОЛИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таҳкиму тарғиби Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ 10 декабри соли 1994 зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад.
АЗ БУНЁДИ СУЛҲ ТО РУШДИ УСТУВОР: РИСОЛАТИ ҲХДТ
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар тӯли беш аз се даҳсолаи фаъолияти худ ба яке аз ниҳодҳои муҳимтарини сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар мубаддал гардидааст. Нақши он дар таҳкими суботу амният, бунёди давлатдории навин ва пешбурди рушди устувори миллӣ на танҳо дар пайомадҳои сиёсӣ, балки дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таҷассум ёфтааст. ҲХДТ бо рисолати созандагӣ ва бунёдкорӣ аз давраи пас аз ҷанги шаҳрвандӣ то имрӯз пайваста ҳамчун нерӯи муттаҳидкунанда ва пешбарандаи ғояҳои ваҳдату пешрафт хизмат мекунад.
Солҳои 90-уми асри гузашта барои халқи тоҷик яке аз марҳилаҳои сангинтарин буд. Исбот гардид, ки танҳо роҳбарии хирадмандона ва иродаи қавии сиёсӣ метавонад миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшад. Маҳз дар ҳамин давра ҲХДТ ҳамчун ниҳоди сиёсӣ шакл гирифт, ки ҳадафаш барқарор намудани сулҳу субот, таъмин намудани ваҳдат ва бозсозии давлатдории миллӣ буд. Аз ҳамон рӯзҳо то имрӯз ҳизб дар амал нишон дод, ки сулҳ на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки пояи асосии пешрафти устувори давлат аст.
Воқеан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсиро, ки фарогири ҳарчи бештари манфиатҳои давлат ва миллат бошад маҳз дар ибтидои соли 1993 Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буданд.
Вобаста ба ин, 12 июни соли 1993 Кумитаи тадорукоти таъсис дода шуд. Кумитаи тадорукотӣ ҳуҷҷатҳои ташкилии ҳизбҳои навтаъсиси демократии Русия, Ҳизби сотсиал-демократи Олмон, Ҳизби демократии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва як қатор ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии дунёро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки ҳизби нав бояд моҳияти халқиву демократӣ дошта бошад.
Пешвои миллат пайваста таъкид мекарданд, ки ҳадафу мақсадҳои ҳизби нав бояд аз моҳияти иҷтимоӣ доштаи давлати мо сарчашма гирад ва он бояд пеш аз ҳама ниёзҳои иҷтимоии саросари аҳолии мамлакатро бароварда созад.
Ҳамин тавр, Ҳизби Халқии Тоҷикистон (баъдан 25 июни соли 1997 Анҷумани III номи Ҳизби Халқии Тоҷикистонро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дод) барои таҳкиму тарғиби Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ 10 декабри соли 1994 зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад.
Ғояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аксарияти мардуми кишвар дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани мухолифатҳои дохилӣ, барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, баргузории ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ тавонист, ки дар ташаккули сохтори давлатдории нав нақши муҳимро бозад.
Дар марҳилаҳои баъдӣ рисолати ҲХДТ аз бозсозии кишвар ба рушди босуботи он пайванд хӯрд. ҲХДТ татбиқи стратегияҳои муҳими давлатӣ – аз истиқлолияти энергетикӣ то саноатикунонии босуръат, аз таҳкими амнияти озуқаворӣ то баланд бардоштани имкониятҳои инсонӣ – пайгирона дастгирӣ кардааст. Бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун”, рушди инфрасохтор, сохтмони ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва таҳкими иқтисоди миллӣ аз ҳадафҳое мебошанд, ки бо ташаббус ва ҷонибдории ҳизб ба марҳилаи амал даромаданд.
Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навини тоҷикон воқеан беандоза аст. Маҳз бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии ин абармарди хирад ва родмарди сулҳи тоҷикон, Тоҷикистони азиз аз парокандашавӣ эмин ёфт.
Набояд фаромуш созем, ки он рӯзҳои сахту нангини солҳои 90-уми асри гузашта бо сар задани ҷанги хонумонсӯз қариб ба парокандашавии миллати тоҷик оварда мерасонид. Дар он шабу рӯзҳои ноором наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад. Бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар Президенти навинтихоби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дареғ надошта, дар он давраи ноором якчанд маротиба ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуда, аз мардуми шарифи тоҷик даъват ба амал оварданд, ки ба ватани аҷдодиашон баргарданд. Ҳамзамон бо нерӯҳои гуногуни сиёсӣ ва мухолифин якчанд гуфтушунидҳо анҷом дода, ниҳоят санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо ташаббус ва ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муҳтарами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин воқеаи муҳими таърихӣ садсолаҳо дар қалби тоҷикон боқӣ хоҳад монд.
Тоҷикистон – ватани маҳбубамон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ бо қадамҳои устувор ба пеш меравад. Нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати ташаббускор ва созанда дар пешниҳодҳои беназири Сарвари давлат, Раиси муаззами ҳизб Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла татбиқи ташаббуси чорум дар соҳаи об – «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамкориҳои зич бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд, инчунин баргузории конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, аз қабили муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез асос меёбад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 25 июли соли 2025 қатъномаи таърихии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба зеҳни сунъӣ зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.
Шоёни зикр аст, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.
Ин санади муҳим бозгӯи нақши фаъол ва ташаббускори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ буда, ҷанбаи нав ва масъулиятталаби сиёсати хориҷии кишварро нишон медиҳад.
Иқдоми мазкур, ки имрӯз ба як қатъномаи расмии СММ табдил ёфтааст, бо пуштибонии якдилонаи кишварҳои узв пазируфта шуд ва ҳамчун як қадами муҳими сиёсӣ дар ташкили заминаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ (artificial intelligence) арзёбӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки дар даврони Истиқлолият бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушд ва барои зиндагии шоистаи мардум дар мамлакат бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва дар ин замина амалишавии чор ҳадафи тақдирсози стратегии Ҳукумати мамлакат: истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар корҳои зиёде ба анҷом расида истодаанд. Вобаста ба амалишавии ҳадафҳои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар санаи 16 ноябри соли 2018 ба кор андохтани аввалин агрегати НБО “Роғун” ва 9 сентябри соли 2019 ба кор андохтани агрегати дуюми НБО “Роғун” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадами устувор дар рушди на танҳо Тоҷикистон, балки манотиқи Осиёи Марказӣ гардид. Ин рӯйдоди воқеан муҳим дар таърихи миллат бо хатҳои заррин асрҳо боқӣ мемонад.
Мардуми бо нангу номус, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик дар партави Пешвои миллат устуворона қадам мениҳанд ва Ватани маҳбубро боз ҳам ободу зебо намуда истодаанд. Шаҳодати ин гуфтаҳо дар дигаргуниҳои куллӣ дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дида мешавад, ки ҳамаи ин аз баракат ва сиёсати муваффақонаи Сарвари давлат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
Таҳким бахшидани Истиқлоли давлатӣ ва ғояҳои инсондӯстӣ дар зеҳни ҷавонон василаи муҳими баланд бардоштани худшиносии миллӣ ба шумор меравад, ки он дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Зери иқдомҳои Раиси муҳтарами ҳизб Эмомалӣ Раҳмон дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ идома дошта, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар сокини мамлакат дар ҳадафҳои ҳизб мавқеи асосӣ дорад.
Имрӯз, ҲХДТ ба як ниҳоди бузурги сиёсӣ зери роҳбарии Пешвои миллат, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту дигаргуниҳои куллии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, маънавию фарҳангӣ, сиёсию ҳуқуқӣ ва равобити хориҷии Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон шароити мусоид ва пешрафту тарқиётро фароҳам сохтааст.
Тоҷикистон, ки қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст ва дар ин асно густаришу таҳкими робитаҳои берунмарзии ҳизб яке аз рисолатҳои он ба шумор меравад.
Ҳамкориҳои байналхалқии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон шоистаи таҳсин буда, дар шароити муосир бомаром густариш меёбанд.
Махсусан, ҳамкории ҲХДТ бо Ҳизби умумироссиягии «Единая Россия» (Россия), Ҳизби коммунистии Чин (Ҷумҳурии Мардумии Чин), ҳизбҳои сиёсии «Нур Отан» (Қазоқистон), «Ени Азербайджан» (Озарбойҷон), ҳаракати «Белая Русь» (Белоруссия) ва Агентии федералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона (Россотрудничество) дар доираи шартномаҳои имзошудаи ҳамкорӣ ҷараён дорад.
Дар ин замина, иртиботи мутақобилан судманди ҲХДТ бо Ҳизби умумироссиягии «Единая Россия» ва Ҳизби коммунистии Чин шоистаи таъкиди хос аст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсие, ки дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории кишвар фаъолияташонро ба роҳ мондаанд, ҳамкорӣ дорад.
ХҲДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳамсозии имкониятҳои баробарҳуқуқӣ ҷиҳати татбиқи нерӯи инсонӣ, ки дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона гардидааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.
Маҳз хислати мардумсолорӣ, ғояҳои созандаву бунёдгарона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ҳизби моро дар миёни ҷомеа ба таври шоиста муаррифӣ кард. Фаъолияти самарабахши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти таҳаввулот ва навсозии ҷомеа роҳандозӣ гардида, дар давоми сӣ сол тақвияту густариш ёфт.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар тӯли сӣ сол талош дорад.
Барномаи ҳизб ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба ҳадафҳои он вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд, саршори ғояҳои бунёдкориву созандагӣ буда, рисолати он дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи мардум таҷассум меёбад.
ҲХДТ ҷиҳати рушди сармояи инсонӣ, боло бурдани сатҳи маорифу фарҳанг ва бо ҷаҳон мутобиқ сохтани низоми таълим нақши бориз дорад. Ташвиқи ҷавонон ба донишандӯзӣ, ихтироъкорӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа, дастгирии барномаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои таҳсил яке аз самтҳои доимии фаъолияти ҳизб ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, таҳкими худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат дар маркази сиёсати тарғиботии ҲХДТ қарор доранд.
Рушди илму маориф яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба шумор рафта, таҳкими иқтидори илмӣ, боло бурдани неруи зеҳнии ҷомеа, ҷорӣ намудани ихтироот дар истеҳсолот, такмили пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз ҳадафҳои калидии давлат маҳсуб мегарданд. Дар ин замина, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба рушди маориф ва илм таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ислоҳоти низомиро пайгирона идома медиҳад.
Таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 яке аз вазифаҳои асосӣ мебошад. Ин ҳуҷҷатҳо гузариши таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбиро ба маблағгузории сарикасӣ, ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият ба таълим ва ворид намудани стандартҳои байналмилалӣ дар таҳсилоти олӣ фаро мегиранд. Гузариш ба таҳсилоти 12-сола, низоми кредитӣ ва афзалиятнок эълон гардидани таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими ислоҳот мебошанд.
Бо назардошти ҳадафҳои барномавии ҳизб дар бахши илм, ҳамоҳангсозии фаъолияти академияҳои соҳавӣ, донишгоҳҳо бо фаъолияти муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморида шуда, раванди маблағгузории давлатӣ ба таҳқиқоти амалӣ, ворид намудани натиҷаҳои илмӣ ба истеҳсолот ва рушди соҳаҳои афзалиятнок нигаронида шудаанд. Дар ин замина густариши ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ ва идораҳои соҳавӣ барои дастгирии ҳадафи стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар – аҳамияти калидӣ дорад.
Имрӯз, Тоҷикистон дар шароити ҷаҳони мураккаб, пуртазод ва пурчолиш ҷиҳати боз ҳам рушд кардан ба неруи муттаҳидкунанда, сиёсати оқилона ва ҳадафҳои стратегӣ такя дорад. ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешсаф, ки таҷрибаи бузурги сиёсӣ ва неруи ташкилотӣ дорад, баҳри татбиқи рӯйдодҳои тақдирсоз, ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва таҳкими нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош меварзад.
Аз бунёди сулҳи пойдор то расидан ба рушди устувор – ин роҳест, ки ҲХДТ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеа тай кардааст. Рисолати ҳизб ҳамоно дар он аст, ки бо такя ба ваҳдати миллӣ, дониш, иқтидору иродаи халқ ва сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар ба сӯи фардои боз ҳам ободу дурахшон қадамҳои устувор гузорад.
Ҳамин тариқ, ҳамаи мо – ҳамсафонро месазад, ки тамоми нерӯ ва тавонмандии худро баҳри пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон, татбиқи барномаи ҳизб, ки аз иродаи Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, саъю кӯшиш намуда, дар амалишавии ҳадафҳои созанда ва рисолати ҳизб зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!», аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста мебошад, талош намоем.
Иқтибосҳо аз маъхазҳои ҲХДТ
Фирӯзҷон Муҳридинович Ғафоров,
аъзои фаъоли ҲХДТ аз ТИ “Фановар”,
муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply