БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

Тӯли як ҳафта дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии таъсисёбии Донишгоҳ мусобиқаи футболи хурд миёни факултетҳо баргузор гардид. Ин чорабинии варзишӣ бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамбастагӣ бо кафедраи варзиши Донишгоҳ ташкил ва баргузор карда шуд.
Зимни мусобиқа дастаҳои факултетҳо бо рӯҳияи баланди варзишӣ ва дӯстона рақобати шавқовар намуданд. Дар натиҷа, дастаи факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ бо нишон додани бозии зебо ва ҳамоҳангона ғолиби мусобиқа гардид.
Мақсади асосии баргузории мусобиқа — тавсеаи тарзи ҳаёти солим миёни донишҷӯён, таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ байни факултетҳо, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳсоси ифтихор аз таъриху дастовардҳои Донишгоҳ мебошад.