Тибқи Қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҷиҳати омӯзиш ва расонидани ёрии методӣ ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.
Ёдовар мешавем, ин раванд дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар радифи эълони гардидани соли “2025-соли тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ дар шаҳри Душанбе” гурӯҳи корӣ оид ба амалӣ гардидани қарорҳои Анҷумани 14-15-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, риояи мунтазами талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳуҷҷатнигорӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ, маҷлисҳои ҳизбӣ, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо, саҳми ташкилоти ҳизбӣ дар татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ва татбиқи иқдомоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Фановар” – и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дидан намуда ба масъулини ташкилоти ҳизбӣ дастуру тавсияҳо доданд.


