Санаи 17-уми сентябри соли 2025 ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо ташкилоту созмонҳо ва муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ба хусус омодасозии мутахассисони рақобатноки бозори меҳнат дар самти технологияҳои инноватсионию рақамӣ, киберамният, зеҳни сунъӣ, табодули таҷрибаи устодон ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар самти робототехника ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бо ҳайати гурӯҳи намояндагони соҳаи маорифи ноҳияи Чиндуи шаҳри Сянян, ки таҳти роҳбарии ҷонишини котиби Кумитаи ноҳиявии Чиндуи Ҳизби коммунистии Чин Лю Ханг, ректори Маркази таълими касбӣ-техникӣ Чен Хонг, директори бюрои маориф Дуан Минхуэй ва директори Маркази рушди саноати рушдёбандаи ноҳияи Чинду ба донишгоҳ ташриф оварданд, вохӯрии судманд баргузор намуд.
Зимни мулоқот Раҳмонзода З.Ф. ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ қадами муҳим дар тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи судманд арзёбӣ намуда, онҳоро бо дастовардҳои таълимию илмӣ ва доираи васеи ҳамкориҳо бо созмону ташкилотҳои байналмилалии донишгоҳ ҷиҳати тадбиқи лоиҳаҳо, ба хусус дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, саноати сабук ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шинос намуд. Инчунин омадагии роҳбарияти донишгоҳро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешбурди таҳқиқотҳои илмӣ, мубодилаи академӣ, таъсиси озмоишгоҳҳо барои татбиқи зеҳни сунъӣ, робототехникаю мехатроника, дастгоҳҳои парвозкунандаи беҳавонавард ва иштирок дар озмунҳои грантии Ҷумҳурии Мардумии Чин ибрози ақида намуд.
Дар навбати худ меҳмонони чинӣ доир ба имкониятҳои марказҳои таълимии касбӣ-техникӣ ва рушди саноати рушдёбандаи ноҳияи Чинду ҷиҳати ташкили мубодилаи академӣ, ба роҳ мондани сафарҳои омӯзишии дутарафаи муҳақиқон, идомаи таҳсили донишҷӯён, ҳамкориҳои саноатӣ ва роҳҳои дигари вусъат бахшидани ҳамкориҳо пешниҳодҳо манзур намуданд. Инчунин, аз ҷониби меҳмонон роликҳои тарғиботии шаҳри саноатии Чинду ва Маркази таълимии касбӣ-техникӣ ба самъи иштирокчиёни вохӯрӣ расонида шуд.
Сипас, шарномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳ ва Маркази таълимии касбӣ-техникии ноҳияи Чинду ба имзо расонида шуд.
Дар фаранҷоми вохӯрӣ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба меҳмонон ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

