Имзои санадҳо ҷиҳати роҳандозии маркази таълимӣ

Санаи 23-юми январи соли 2025 бо мусоидат ва дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо ташкилоту созмонҳои кореягӣ, ректори Донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бо директори генералии ҶДММ “Шодиёна консалтинг”, ки он ҳамзамон директори лоиҳаи корпоратсияи EFC-и Ҷумҳурии Корея мебошад, вохӯрии судманд баргузор намуд. Маврид ба зикр аст, ки қаблан меморандуми ҳусни тафоҳуми сеҷониба аз 8-уми июли соли 2024 байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва корпоратсияи EFC-и Ҷумҳурии Корея ба имзо расонида шуда буд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳо роҷеъ ба таъсис ва роҳандозии фаъолияти Маркази таълимӣ оид ба омода намудани мутахассисони хурди касбӣ барои таъмини рушди шуғлият дар бозори меҳнат дар заминаи Донишгоҳ баррасӣ гардида, ҷонибҳо шарномаи ҳамкориро ба имзо расониданд.
Имзои шартномаи ҳамкорӣ як қадами муҳим дар самти омода намудани кадрҳои соҳибихтисос дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ аз рӯи самтҳои гуногуни фаъолият ва омӯзиши забони кореягӣ ба ҳисоб меравад.
ДТТ, 23.01.2025