ВОХӮРӢ ОИД БА ОМӮЗИШ ВА ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯҲО ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ

Санаи 26 марти соли 2025 масъулини шуъбаи татбиқи стратегияҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ҳайати донишҷӯён ва омӯзгорони факултети технология ва дизайн оид ба амалишавии стратегияҳои давлатӣ дар самтҳои саноат, саноати сабук, зеҳни сунъӣ ва муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯри оид ба моҳияти қабули стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, давраҳои татбиқи онҳо, иҷрои нақша – чорабиниҳо дар самтҳои гуногуни фаъолияти Донишгоҳ сӯҳбат гузаронида шуд. Бахусус, татбиқшавии стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Донишгоҳ мавзӯи асосии вохӯриро ташкил дода, масъулин зимни суҳбат оид ба ҳолатҳои пайдошавии коррупсия дар байни ҳайати донишҷӯёну омӯзгорон ва роҳҳои пешгирии он муфассал баромад намуданд.