(Дар ҳошияи қабули қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии СММ зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»)
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 25 июли соли 2025 қатъномаи таърихии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба зеҳни сунъӣ зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.
Шоёни зикр аст, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.
Ин санади муҳим бозгӯи нақши фаъол ва ташаббускори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ буда, ҷанбаи нав ва масъулиятталаби сиёсати хориҷии кишварро нишон медиҳад.
Иқдоми мазкур, ки имрӯз ба як қатъномаи расмии СММ табдил ёфтааст, бо пуштибонии якдилонаи кишварҳои узв пазируфта шуд ва ҳамчун як қадами муҳими сиёсӣ дар ташкили заминаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ (artificial intelligence) арзёбӣ мегардад.
Қабули он дар сатҳи глобалӣ баёнгари боварии ҷомеаи байналмилалӣ ба мавқеи фаъоли Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад.
Маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи зеҳни сунъӣ ҳамчун як раванд ва воситаи муҳим дар рушду суботи ҷаҳонӣ матраҳ гардид. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии ҳамаҷонибаи соҳаҳои ҳаёт, истифодаи оқилона ва одилонаи технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, ба масъалаи рӯз табдил ёфтааст. Пешвои миллат бо нигоҳи дурбинона ва воқеъбинона ин ҷараёнро пешбинӣ намуда, дар сатҳи СММ пешниҳоди ташаккули як заминаи ҳуқуқӣ ва этикӣ барои танзими рушди ин равандро матраҳ сохтанд.
Тоҷикистон, ки дар арсаи байналмилалӣ бештар бо ташаббусҳои соҳаи об, иқлим ва амнияти ҷаҳонӣ шинохта мешуд, имрӯз бо ин иқдоми нав – ташаббуси танзими зеҳни сунъӣ – вориди як марҳилаи нави иштироки фаъол дар муколамаи глобалӣ гардид. Қатъномаи пешниҳодшуда даъват мекунад, ки ҳамаи кишварҳои узви СММ дар таҳия ва татбиқи сиёсати умумии танзими зеҳни сунъӣ бо назардошти арзишҳои башарӣ ва ҳуқуқи инсон саҳмгузор бошанд.
Қатъномаи қабулшуда дар Маҷмаи Умумии СММ на танҳо рамзи муваффақияти дипломатии Тоҷикистон аст, балки оғози марҳилаи нави масъулият ва иштироки фаъолонаи кишварҳо дар муҳокима ва таҳияи механизмҳои байналмилалӣ мебошад. Ин ташаббус метавонад ба таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии бештар дар сатҳи СММ оид ба зеҳни сунъӣ мусоидат намояд.
Қатъномаи мазкур бар зарурати истифодаи бехатар, бар ахлоқ асосёфта ва масъулонаи зеҳни сунъӣ таъкид намуда, даъват ба рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва мудирияти оқилонаи ин технологияҳо дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мекунад.
Ин ташаббус ба равандҳои ҷаҳонии рақамикунонӣ ва паҳншавии босуръати технологияҳои зеҳни сунъӣ посухи саривақтӣ дода, роҳи ташаккули як низоми умумибашарии танзими соҳаи навро мекушояд.
Аз ҷумла, қатънома зарурати истифодаи самарабахши зеҳни сунъӣ барои таъмини рушди устувор дар кишварҳои Осиёи Марказиро таъкид намуда, таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанберо ҳамчун яке аз механизмҳои амалии ҳамкорӣ дар ин самт пешниҳод мекунад.
Маркази номбурда метавонад ба ҳамоҳангсозии ташаббусҳои минтақавӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳияи стратегияҳои муштарак барои рушди босифати зеҳни сунъӣ кумак намояд.
Бояд гуфт, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ба тезонидани раванди татбиқи ташаббусҳои асосии марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла самтҳои зерини марбута мусоидат хоҳад кард:
– пешбурди барномаҳои муштараки омӯзиши мутахассисон ва дастгирии стартапҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни паркҳои технологӣ дар минтақа;
– роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва озмоишгоҳҳои минтақа;
– ташкили шабакаи муштараки марказҳои ҷамъоварии маълумот барои афзоиши дастрасӣ ба зерсохтори ҳисоббарорӣ дар кишварҳои минтақа;
– ҳамоҳангсозии талошҳои миллӣ бо мақсади қабули принсипҳои умумии мудирияти ҳамоҳангшуда, масъулиятнок ва худтанзимкунии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ;
– пешбурди ташаббусҳои марбутаи ҷаҳонӣ бо шарикони байналмилалӣ.
Таҳияи чунин рӯйкардҳои мукаммал на танҳо барои кишварҳои минтақа аҳамияти бузург дорад, балки метавонад барои дигар минтақаҳои ҷаҳон ҳамчун намунаи ибрат ва таҷрибаи муваффақ хидмат кунад.
Ҳамин тариқ, қабули қатъномаи мазкур нақши муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва аҳамияти таърихии сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд.
Дар маҷмӯъ, ин қатънома заминаи ташкили низомҳои бехатар ва боэътимод дар соҳаи зеҳни сунъиро мегузорад, ки дар он тавозуни байни танзим, навоварӣ ва худидоракунии дохилӣ нигоҳ дошта мешавад.
Дар замони муосир, ки ҷаҳон ба суръати бесобиқа ба сӯи рақамикунонӣ ҳаракат мекунад, ҳар як ҷомеаи пешрафта кӯшиш менамояд, то дар паҳлӯи таҳкими пояҳои миллӣ ва сиёсӣ, ҳамзамон технологияи иттилоотиро ба манфиати рушди давлат ва ҷомеа истифода барад. Тоҷикистон низ аз ин раванд дар канор намонда, дар асоси ваҳдату суботи сиёсӣ ва фазои ороми ҷамъиятӣ, марҳила ба марҳила ба сӯи ҷомеаи рақамӣ қадам мегузорад.
Имрӯз, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳои миллӣ ва гузариш ба низоми рақамикунонӣ, таъсис ва густариши ҳукумати электронӣ, фароҳамсозии инфрасохтори рақамӣ, боло бурдани саводнокии рақамии аҳолӣ ва дастрасии бештари шаҳрвандон ба хидматрасониҳои онлайн марҳила ба марҳила амалӣ мешаванд.
Дар солҳои охир, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари мо ба марҳилаи нави рақамисозии иқтисод ва идоракунии давлатӣ қадам гузоштааст. Созмонҳо ва муассисаҳои давлатӣ тадриҷан ба хизматрасониҳои электронӣ мегузаранд, таҳсилоти фосилавӣ ва онлайн, бонкдории рақамӣ, платформаҳои савдои электронӣ ва дигар навовариҳо дар ҳаёти мардум роҳ меёбанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ санаи 28 декабри соли 2024 ҷиҳати гузариш ба низоми рақамикунонии бахшҳои иқтисоди мамлакат таваҷҷуҳи хосса намуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ бобати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Ҳамчунин, зимни ироаи Паём Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ масъалаи аввалиндараҷа шумориданд.
Ҳоло дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ, нақлиёт, энергетика, маориф, саноат ва робитаҳои байналмилалӣ амалишавии технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла технологияҳои зеҳни сунъӣ бараъло мушоҳида мегардад. Рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои савдо ва нақлиёт, пешниҳоди қарзҳои хурд бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, таъсиси корхонаҳо бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунонии раванди таълим, баҳодиҳии автоматии қарзгиранда оид ба қобили пардохт будани он ва пешниҳоди қарзҳои хурд, пешбинии ҳолатҳои камшавии мизоҷон, шинохти матн ва таснифоти ҳуҷҷатгузорӣ заминаҳои муҳими истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон мебошанд.
Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо чораҳои ислоҳотӣ амалӣ мегарданд.
Дар мамлакат «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул карда шудаанд. Илова бар ин, «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» қабул гардиданд. Ин барномаю консепсияҳо ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ, роҳёбии бештар ба бозори ҷаҳонӣ тавассути рақамикунонии соҳа, таъмини низоми содакардашудаи савдои электронӣ, содагардонии расмиёти савдо ва ҷалби сармояи хориҷӣ равона шудаанд.
Дар Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, № 483 тасдиқ карда шудааст (минбаъд – Стратегия), зеҳни сунъӣ чун низом ё таҷҳизоти компютерӣ, ки қодир аст қобилияти зеҳнӣ ва таҳлилии инсонро барои иҷрои вазифаҳои муайян такрор намояд, эътироф карда мешавад (б.9).
Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар таҳия шудааст.
Ҳадафи асосии Стратегия дар давраи амалишавӣ то 5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расонидани даромад дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ мебошад.
Самтҳои афзалиятноки Стратегия аз ҳадафу афзалиятҳои кишвар, ки дар доираи стратегия ва барномаҳои сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ инъикос гардидаанд, бармеоянд (б.55):
– ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳо;
– ҳушмандсозии шаҳрҳо (Smart city) ва идоракунии ҳушманд;
– рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ;
– саноатикунонии босуръати кишвар ва рақамикунонии бахши воқеии иқтисодиёт.
Тибқи арзёбии коршиносони байналмиллалӣ то соли 2030 маҷмуи маҳсулоти ҷаҳонӣ аз ҳисоби ҷорисозӣ ва истифодаи технологияи зеҳни сунъӣ 14 фоиз ё 15,7 трлн доллар афзоиш меёбад. Афзоиши мазкур асосан аз ҳисоби баланд гардидани ҳосилнокии меҳнат ва зиёд шудани талаботи истеъмолӣ дар натиҷаи мукаммал шудани раванди истеҳсоли молҳо таъмин мегардад.
Дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ояндаи наздик ҷойҳои корие, ки меҳнати заҳматталаби эҷодиро талаб намекунанд, барҳам хӯрда, аз тарафи дигар дар натиҷаи афзоиши ҳосилнокӣ ва самаранокии меҳнат, инчунин талабот ба барномасозон ҷойҳои кории иловагӣ таъсис дода мешаванд. Тибқи пешгӯиҳои Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ то охири соли 2022 дар натиҷаи таъсири зеҳни сунъӣ 75 миллион ҷойҳои корӣ барҳам хӯрда, таъсиси 133 миллион ҷойҳои нави корӣ дар назар аст.
Мутобиқи ҳисоботи Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ “Раванди рушди технологӣ: зеҳни сунъӣ” аз соли пайдоиши мафҳуми зеҳни сунъӣ (соли 1956) то соли 2019 ихтироъкорон ва олимон 340 ҳазор дархост барои гирифтани патент пешниҳод намуда, 1,6 млн корҳои илмиро дар ин самт ба нашр расониданд. Суръати патенткунонии ихтироотҳо дар соҳа баланд арзёбӣ гардида, аз нисф зиёди ихтироотҳо баъди соли 2013 нашр гардиданд.
Коршиносони иқтисодӣ арзёбӣ мекунанд, ки аз ҳисоби ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ кишварҳои пешрафта нисбат ба кишварҳои рӯ ба инкишоф имкони гирифтани даромади иқтисодии зиёдтарро доранд. Кишварҳои пешрафта аз ин ҳисоб метавонанд 20-25 фоиз фоидаи иловагии иқтисодӣ ба даст оранд, аммо ин нишондиҳанда барои кишварҳои рӯ ба инкишоф аз 5 то 15 фоизро ташкил медиҳад.
Албата амалишавии чунин ҳадафҳо бидуни омодасозии кадрҳо ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон ғайниимкон аст. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони кишвар аз 28 декабри соли 2024 дастур доданд, ки ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ диққати оввалиндараҷа дода шавад.
Дар асри иттилооту рақамисозӣ, рушди сармояи инсонӣ ҳамчун омили асосии пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва рақобатпазирии давлатҳо ба шумор меравад. Дар ин раванд, омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо дар самти технологияҳои иттилоотӣ, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар, аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.
Илова бар ин, баланд бардоштани сатҳи маърифати рақамӣ ва фарҳанги истифодаи технологияҳои муосир дар миёни шаҳрвандон, хусусан насли наврасу ҷавон, на танҳо барои мутобиқшавӣ ба ҷаҳони рақамӣ зарур аст, балки ҳамчун заминаи муҳими рушди устувори миллӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар низ хидмат мекунад.
Дар ҷаҳони муосир, ки бо суръати бесобиқа ба сӯи технология ва рақамикунонӣ ҳаракат мекунад, омӯзиш ва тарғиби фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ аҳамияти хосса касб намудааст. Пешрафти соҳаҳои муҳандисӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсия ва иқтисоди муосир то рафт бештар ба сатҳи саводи техникӣ ва қобилияти тафаккури мантиқии насли нав вобаста мегардад.
Бо дарки амиқи ин зарурат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои дақиқу табиӣ тавассути иқдомҳои стратегӣ ва барномаҳои ҳавасмандсозӣ амалӣ мешавад.
Яке аз ташаббусҳои муҳим дар ин самт, ки бо дастгирии Пешвои миллат роҳандозӣ шудааст, озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” мебошад.
Ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ҳар сол доир намудани озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-155 ба рушди тафаккури техникӣ ва маҳорати илмии ҷавонон мусоидат менамояд.
Барои боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён, дар соли 2025 ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» номинатсияи нав – «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» низ илова карда шуда, барои ғолибони озмун 24 ҷой зиёд карда шуд. Яъне, шумораи ҷойҳо барои ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ба 156 ҷой расонида шуд.
Дар доираи эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар мамлакат рақамикунонии бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва ифтитоҳи марказҳои инноватсионию рақамӣ аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар бо маром идома дорад.
Дар таърихи 7 апрели соли 2025 аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳи расмии нахустин парки IT дар пойтахт – ҶДММ «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор гардид, ки ҳадаф аз он рушди технологияҳои иттилоотӣ ва дастгирии соҳибкории рақамӣ мебошад.
Лоиҳаи мазкур як қадами муҳим дар самти рушди иқтисоди рақамии кишвар буда, ба ҷавонон ва соҳибкорони соҳаи технологӣ дастгирии назаррас мерасонад.
IT Park ба стартапҳо ва ширкатҳои IT имкониятҳои беназир барои кор дар фазои рақамии муосир, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва пешбурди маҳсулоти инноватсионии рақамиро фароҳам меорад.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 25 июни соли 2025 дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз ҳамчунин маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI”-ро ифтитоҳ гардид, ки стратегияи асосии марказ тавассути ҳисоббарории зеҳни сунъӣ бо арзиши то 8 маротиба баланд тадбил додани фуруши неруи барқи истеҳсоли Тоҷикистон ба кишварҳои дуру наздик мебошад.
Чунин пешравиҳои технологию инноватсионӣ дар фазои амн ва сулҳу оромӣ пайваста амалӣ гаридидаистодаанд, ки дар ин асно ҳузури Тоҷикистон дар фазои рақамии ҷаҳонӣ тақвият ёфта, замина барои ворид шудани шаҳрвандон ба ҷаҳонбинии технологӣ ва иттилоотии нав фароҳам гардидааст.
Ҳамин тариқ, қабули қатъномаи таърихии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии СММ оид ба зеҳни сунъӣ як муваффақияти бузурги сиёсӣ, илмиву дипломатӣ ва стратегӣ барои кишвар маҳсуб меёбад. Ин боз як далели равшани он аст, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон дар радифи кишварҳои ташаббускор ва ояндасоз қарор дорад.
Бояд қайд намуд, ки дар асри технологияи рақамӣ, зеҳни сунъӣ метавонад ҳам воситаи тараққиёт ва ҳам манбаи хатар бошад. Танҳо бо роҳнамоии сиёсати воқеъбинона ва уфуқнигарои миллӣ метавон аз он барои манфиати инсоният истифода бурд ва Тоҷикистон бо ин ташаббус нишон дод, ки омода аст нақши масъули ҷаҳониро ба уҳда гирад.
Фирӯзҷон Муҳридинович ҒАФОРОВ,
муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

