Таманниёти ректори Донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33 -юмин солгарди рӯзи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Моҳи ноябр барои мардуми шарифи Тоҷикистон моҳи ифтихорист. Зеро дар ин моҳ тоҷикону тоҷикистониён ҷашнҳои Рӯзи Конститутсия, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами ҷумҳуриро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.

Чун дар арафаи ҷашни Рӯзи Президенти кишвар ва 33 -юмин солгарди рӯзи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор дорем, ҳамаи шуморо аз номи раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ин муносибат самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустӣ, рӯзгори хушу босаодат ва дар фаъолияти коориатон барору комёбӣ орзу менамоям.

33 сол муқаддам, яъне 16- уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб иҷлосияе баргузор гардид, ки он дар таърихи халқи тоҷик бо унвони санаи сарнавиштсоз асрҳои аср ёдоварӣ хоҳад шуд. Зеро ин иҷлосияи тақдирсоз, яъне иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар ҳаёти кишвар гузариши куллиро ба вуҷуд овард.

Маҳз дар ҳамин иҷлосия вакилони мардумӣ фарзонафарзандеро ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд, ки бо кору пайкор, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати оқилонаю дурандешонааш тавонист, ки халқро аз парокандагӣ ва давлатро аз нобудшавӣ наҷот диҳад.

Ин шахси далеру шуҷоъ ва ватандӯсти ҳақиқӣ, Президенти  маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки дар саргаҳи фаъолияти худ ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми давлату миллатро гузошт ва ба ин васила истиқлоли сиёсии Тоҷикистонро ҳифз намуда, онро ба яке аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар миёни давлатҳои дуру наздик мубаддал гардонид.

16-уми ноябри соли 1994 Президенти интихобнамудаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилони халқ савганд ёд намуда, ба фаъолияти корӣ шуруъ карданд.

Бешак, метавон гуфт, ки дар мавҷудият, бақо ва рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ниҳоди Президентӣ, махсусан шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Ба вуқуъ пайвастани ду рӯйдоди муҳимми таърихӣ – Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва маросими савгандёдкунии Президент дар санаи 16-уми ноябр аз муҳим будани ин рӯз дарак медиҳад.

Фаъолияти самарабахш ва бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ ва таъмини амнияти давлат аҳамияти сиёсӣ ва тарбиявии таҷлили Рӯзи Президентро даҳчанд намудааст.

Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба ин рӯз, ин эҳтиром ба ҳастии миллат, мавҷудияти давлат ва заҳмату талошҳои Президенти Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ормонҳои умумимиллӣ мебошад.

Бо дарназардошти хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми майи соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид карда шуд ва тибқи он ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёдгузори давлати навини тоҷикон маҳсуб меёбад, аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб шуданашон ватандӯсти ҳақиқӣ, ғамхори халқу миллат ва ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани хешро собит намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани Ҳукумати конститутсионӣ, ба Ватани аҷдодӣ баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, таҷлили дигар чорабиниҳои дохиливу хориҷӣ вобаста ба баргузории ҷашнвораҳо дар иртибот бо бузургдошти олимон, сиёсатмадорон ва барқарор намудани сулҳу оромӣ дар мамлакат саҳми беназир доранд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро маҳз ба шарофати ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ ва иқдомоти башардӯстонаи Роҳбари оқилу дурандеш ва ваҳдатофару сулҳдӯсташ ҳамчун кишвари нақшофар дар сиёсати байналмилалӣ, пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалӣ, дорои мавқеи устувор ва таъсиргузор дар рафъи мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ ва сайёра мешиносанд.

Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи Президент аз эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдати ягонагии мардуми Тоҷикистон ва боварии нуфузу мақоми кишварамон дар арсаи байналмилалӣ, ки дар маҷмуъ ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, иборат мебошад.

Дар ҳақиқат мардуми шарифу сарбаланди кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ аз фарзанди фарзонаи миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки воқеан ҳам ба ҳайси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ шинохта ва эътироф гардидааст, меболанд ва ифтихор мекунанд.

Рӯзи Президент рӯзи рамзии таърихӣ, таҷассумгари орзую умеди неки мардуми кишвар, кафолати сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду рушд ва ваҳдату ягонагии соҳибистиқлолии кишвар дар ҷамеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Фазилату рисолати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу субот, ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки имсол 34-умин солгарди он бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд.

Боиси ифтихор аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои наҷибашон, аз ҷумла инсондӯстиву ватандӯстӣ, ҷасорату матонат, устувориву мардумият ва бо иқдому ташаббусҳои аҳаммияти умумиҷаҳонидошта на танҳо дар дилу дидаи тоҷикиону тоҷикистониён, балки мардуми сайёра маъво гирифта, эҳтироми бузург ва маҳбубияти хоссаро соҳиб гардидаанд.

Ёдовар шудани суханони зерини Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар бораи Президенти кишварамон, ки гуфтааст: “ Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тасмими ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар”, бозгӯи хидматҳои барҷастаи Пешвои муаззами миллатамон ҳамчун шахси сулҳхоҳу сулҳовар, ватандӯсту башардӯст ва ташаббускору сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ шинохтаву эътирофгардида дониста шудани он мебошад.

Воқеан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сулҳи тоҷикон мебошанд. Бояд гуфт, ки заҳмату талошҳои Пешвои миллат барои сулҳу осоиш забонӣ набуданд, балки дар амал ҳамарӯза зоҳир мешуданд. Он кас мавқеи қатъии худро ҳамчун ҷонибдор ва ҳавасманди муколамаи сиёсӣ аз ҳама гуна минбарҳо, аз мулоқот дар як оила то минбари ҷаҳонӣ гаштаю баргашта таъкид мекарданд. Шаҳр ба шаҳру ноҳия ба ноҳия гашта, азиятдидагонро дилбардорӣ ва халқро ба ояндаи неки сулҳу ваҳдат рӯҳбаланд менамуданд. Натиҷаи заҳматҳои бесобиқаашон буд, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва сулҳу субот дар саросари кишвар таъмин гардид.

Хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлат, барқарор кардани ҳокимияти сиёсиву истиқлолияти муосири давлатӣ, хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ободию шукуфоии Ватани маҳбубамон бениҳоят бузург аст.

Соҳиб гардидани унвонҳои баланд, аз ҷумла Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат далели равшани қадр гардидани хизматҳои арзандаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳру муҳаббати зиёд доштани мардуми Тоҷикистон ба ин фарзанди фарзонаю сарсупурдаи Ватан мебошад.

Имрӯз пешрафту тараққиёти кишвар, ободию шукуфоӣ ва зиндагии орому осоиштаи мардуми саодатманди онро дида, бовари кас намеояд, ки ин ҳамон Тоҷикистонест, ки солҳои 90-уми асри гузашта ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронида буд.

Пойтахти мамлакатамон-шаҳри Душанбе бошад зери роҳбарии Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯз аз рӯз бо бунёди биноҳои баландошёнаи замонавӣ, Идораҳои маъмуриву маишии таъиноти гуногундошта, корхонаҳои азими истеҳсолӣ, гулгашту хиёбонҳои зебо ва боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ ба куллӣ тағйир ёфта, имрӯз ба макони баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ табдил гардидааст.

Манзараҳои нотакрору афсонавии кишварамон бошад, диққати ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд, ки ин ҳама ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва дуруст роҳандозӣ гардидани сиёсати оқилонаю дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардидааст.

Дар фарҷом, бори дигар якояки Шуморо ба ин санаи тақдирсози миллӣ табрику муборакбод мегуям!

Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон,

Доктори илмҳои иқтисодӣ – Раҳмонзода Зоир Файзалӣ