14 октябри соли 2025 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чорабинии муҳими байналмилалӣ баргузор гардид. Дар доираи лоиҳаҳои CirculEC (Таълими инноватсионӣ барои иқтисодиёти даврӣ) ва OFINU (Донишгоҳи кушодаи инноватсияҳо дар озуқаворӣ) -и Барномаи Эразмус+ Иттиҳоди Аврупо меҳмонони олиқадр – намояндагони донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Испания, Латвия, Италия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба Донишгоҳ ташриф оварданд.
Ҳадафи сафари ҳайатҳои илмӣ-академии лоиҳаи CirculEC – гузаронидани мониторинги сатҳи татбиқи иқтисодиёти даврӣ, баррасии нақшаҳои таълимӣ ва таҳияи модулҳои инноватсионии таълим оид ба ин соҳаи наву муосир мебошад.
Ҳадафи сафари ҳайатҳои гурӯҳи академии лоиҳаи OFINU – иштирок дар раванди озмоишӣ (пилотӣ)-и модулҳои таълимии дар асоси принсип ва ҳадафҳои таҳсилотии шакли муосири хизматрасонии таълимӣ таҳияшуда мебошад.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ оғоз намуд. Дар баромади худ ӯ аҳаммияти ҳамкориҳои байналмилалиро дар рушди таҳсилоти олӣ ва татбиқи иқтисодиёти сабз таъкид кард.
Пас аз сухани ифтитоҳии ректор, намояндагони кишварҳои иштироккунанда низ баромад намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба иброз доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот, иштирокчиён бо инфрасохтори донишгоҳ, озмоишгоҳҳо, барномаҳои таълимии марбут ба иқтисодиёти даврӣ ва раванди озмоишии лоиҳаи OFINU шинос шуданд. Ташрифи мазкур як қадами муҳим дар самти таҳкими муносибатҳои академии минтақавӣ ва байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳамчунин аз ҷониби тарафҳо презентатсияҳо дар бораи фаъолияти лоиҳаи CirculEC дар Донишгоҳ баррасӣ гардид.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон изҳори умед мекунад, ки натиҷаҳои ин сафар барои таҳкими платформаи илмӣ-таълимии муштарак ва татбиқи амалии лоиҳаҳоии CirculEC ва OFINU мусоидат хоҳанд кард.

