СОЛИ 2025 БО 170 КОРХОНАИ САНОАТӢ ҲАМКОРӢ БА РОҲ МОНДА ШУД,

изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода З.Ф.
Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки 28.01.2026 бо иштироки доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид, фаъолияти таълимгоҳ дар соли 2025 ва дурнамои рушди он барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғоз ректори муассиса ба кормандони ВАО мухтасар маълумот пешниҳод намуда, аз ҷумла қайд кард, ки айни замон дар ДТТ 8 факултет, 6 идора, шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, 20 кафедра, 4 марказ, инчунин филиали Донишгоҳ дар шаҳри Исфара ва МДТ Литсейи инноватсионии «Душанбе» фаъолият доранд.
Соли гузашта аз рўйи 52 ихтисос довталабон аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, ки нисбат ба соли 2024-ум 8 ихтисос зиёд мебошад. Баҳри татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар яке аз дастовардҳои назаррас таъсиси 17 ихтисоси нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯбуда дар зинаи бакалавриат ба ҳисоб меравад.
Дар давраи ҳисоботӣ 209 нафар омўзгор (166 нафар доимӣ, 43 нафар ҳамкор) фаъолият карданд. Аз шумораи умумии онҳо 107 нафар дорои дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд (17 нафар доктор ва 90 нафар номзади илм мебошанд), ки ин ба 64,5% баробар ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 1,5% зиёд аст.
Зикр гардид, ки аз миёни омӯзгорони фаъоли Донишгоҳ 1 нафар ба “Ҷоизаи давлатӣ барои омӯзгорон ва олимони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, 1 нафар “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон”, 3 нафар бо Нишони МД «Маркази миллии патенту иттилоот», 1 нафар унвони “Олими сол”, 3 нафар “Ихтироъкори ҷавон” ва “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон”-и Вазорати маориф ва илми ҶТ, 1 нафар бо Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, 1 нафар бо медали нуқраи “КИВИ-2025” (дар Кореяи Ҷанубӣ) ҳамчун зан-ихтироъкор, 7 нафар бо сертификати байналмилалӣ дар сатҳи ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва патентшиносӣ сарфароз гардиданд.
Ҷиҳати дарёфти истеъдодҳо озмуни “Ихтироъкори ҷавон” дар ду номинатсия байни донишҷӯён моҳи апрели соли 2025 баргузор шуд, ки дар он 150 ихтироъ ва лоиҳаи инноватсионӣ баррасӣ ва 21 нафар ғолиб муайян ва бо мукофотпулию туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Соли 2025-ум 19 шартномаи ҳамкорӣ бо корхонаю муассисаҳо (аз ҷумла, бо 9 корхонаи саноатӣ) баста шуд. Дар умум, бо зиёда аз 170 корхона, ташкилот ва муассиса (аз ҷумла, бо 56 корхонаи истеҳсолӣ (саноатӣ) шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар назди корхонаҳо 4 филиали кафедраҳои тахассусии ДТТ таъсис ёфт. Дар умум, 20 филиали кафедраҳо фаъолият доранд.
Ҳоло дар 7 корхонаи истеҳсолӣ ба 137 донишҷӯи курсҳои 2, 3 ва 4 аз рӯйи 7 ихтисос дарсҳои амалӣ баргузор гардида истодаанд, ки заминаи муҳимро барои гузариш ба низоми таҳсилоти дуалӣ фароҳам месозад.
Инчунин қайд гардид, ки соли гузашта бо 22 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои байналмилалӣ шартнома ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. 43 нафар омӯзгору корманд ба донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои Олмон, Италия, Испания, Латвия, Россия, Ҳиндустон, Сингапур ва Чин сафар анҷом доданд, ки ин назар ба соли 2024-ум 2 маротиба зиёд аст.
Дар охир намояндагони расонаҳои иттилоотӣ ба пурсишҳои зиёди худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳамкории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо воситаҳои ахбори омма тақвият ёфта, минбаъд низ тадбирҳо баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рушди устувори соҳа равона карда мешаванд.

Leave a Reply