Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Донишгоҳи кушодаи инноватсияҳо дар озуқаворӣ” (OFINU)-и барномаи Erasmus + Иттиҳоди Аврупо аз 8-ум то 17-уми январи соли 2025 сафари омӯзишии ҳайати гурӯҳи кории таҳиягарони маводҳои таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) ба Латвия баргузор гардид. Дар ин сафари омӯзиши 3 нафар омӯзгорони факултети муҳандисӣ-технологии донишгоҳ Икромӣ Х.И., Мирзозода Г.Х. ва Назаров Ш.А. шомил буданд.
Ҳадафи ин сафар иштирок дар семинари омӯзишии 1-ҳафтаина дар Донишгоҳи илмҳои ҳаётӣ ва технологияҳои Латвия (ш. Елгава) барои ҳайати омӯзгорон-таҳиягарони модулҳои омӯзишии муассисаҳои ҷалбшудаи Осиёи Марказӣ ин муаррифии модели амалии шакли Донишгоҳи Кушода ва гузаронидани дарси моҳирона (мастер-класс) дар доираи модулҳои пилотии дар донишгоҳҳо тадбиқшаванда буд.
Мувофиқи нақшаи семинари омӯзишӣ бо ҷалби мутахассиси варзидаи соҳаи педагогикаи таълим Илута Крумина омӯзонидани “Усулҳои инноватсионии таълим” шунида шуд, ки дар он шарикони лоиҳа аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи маҷози низ иштирок намуданд, ки ин барои ҳамаи онҳо манфиатовар буда, ба иштирокчиёни лоиҳа оид ба истифодаи усулҳои интерактивии таълим ба монанди презентатсияҳо, кейс-технологияҳо, лексияҳои проблемавӣ, бозиҳои дидактивӣ, ҳуҷуми мағзӣ (мозговой штурм), машғулияти интерактивӣ бо истифодаи аудио ва видеоматериалҳо, мизи мудаввар (баҳсу мунозира), бозиҳои касбӣ, усули кор дар даста ё гурӯҳҳои алоҳида, методи лоиҳасозӣ, ташкили саҳнаҳои театрӣ, бозиҳои нақшофарӣ, баргузор намудани мизи мудаввар, ва ғайра барои рушди шуҷоатмандии донишомӯз, барҳам задани монеаҳои психологӣ ва тарс, ба андешаи худ истодагарӣ карда исбот карда тавонистани ақидаи худ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.
Самарабахшии истифодаи чунин усулҳои фаъоли таълим боз бо он зоҳир мегардад, ки дар муҳассилин ҳисси масъулият, кӯмакрасонӣ ба якдигар, таҳаммулпазирӣ ривоҷ ёфта, барои ташаккули салоҳиятмандии коммуникативӣ ва касбии омӯзгорон мусоидат менамояд.
Дар раванди семинари омӯзишӣ усулҳои инноватсионии таълим бо истифода аз бозиҳои касбӣ, ба монанди усули кор дар даста ё гурӯҳҳои алоҳида, методи лоиҳасозӣ, бозиҳои нақшофарӣ, баргузор намудани мизи мудаввар гузаронида шуд, ки истифодаи ин таҷрибаи муосир дар донишгоҳ барои баланд бардоштани ҳавасмандгардонии донишҷӯён ҷиҳати омӯзиши фанҳои тахассусӣ ва маҳорати педагогии омӯзгорон мусоидат менамояд.
Мубодилаи афкор байни олимону мутахассисони соҳаи саноати хӯроквории шарикони лоиҳа ҷиҳати дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот бо истифода аз усулҳои инноватсионии таълим ва муайян намудани дурнамои инкишофи таҳсилоти олӣ маънидод гардид.
Маврид ба зикр аст, ки мутахассисони соҳавӣ аз Донишгоҳи илмҳои ҳаётӣ ва технологияҳои Латвия (ш. Елгава) дар ҳамкорӣ бо ҳар як таҳиягари маводҳои таълимии модулҳои лоиҳа аз донишгоҳҳои шарик оид ба коркард ва татбиқи мафҳуму мундариҷаи дастурҳои методӣ барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва корҳои озмоишӣ мусоидат намуданд.
Дар қисми дигари семинар омӯзгорони донишгоҳ вобаста ба вазифаҳои муайяншуда ҷиҳати тадбиқи пилоти (озмоишӣ)-и модулҳои таҳиягардидаи лоиҳа дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба модулҳои “Коркарди маҳсулоти ғизои нав”, “Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ” ва “Интишороти академӣ” шомил гардида буданд. Омӯзгорон дар раванди машғулиятҳои лексионӣ, гузаронидани корҳои амалӣ-озмоишӣ аз дастурҳои методӣ ва коркарди рақамии натиҷаҳо дар барномаҳои автоматикунонидашуда истифода намуданд.
Зимни истифода аз технологияи истеҳсоли маҳсулоти нав дар асоси ғанигардонии таркиби маводҳои хӯрокворӣ бо ивазкунандаҳои сафедаву витаминҳо тайёр намудани маҳсулоти нави ғизоӣ ба монанди истеҳсол намудани котлетаи “гӯштӣ” бе истифода аз гӯшт, инчунин истеҳсоли яхмос барои ҳайвони хонагӣ (саг) дар озмоишгоҳи таълимӣ бисёр диқатҷалбкунанда ва аҷиб буд. Қайд кардан зарур аст, ки котлетаи “гӯштӣ”-и истеҳсолкардашуда, маҳсулоти пурра парҳезӣ буда, барои нафарони диабети қанддошта ва пешгирӣ аз фарбеҳшавӣ муфид мебошад.
Тибқи барномаи банақшагирифташуда иштирокчиёни семинари омӯзишӣ дар баҳодиҳии сенсории маҳсулоти гуногуни тайёри хӯрокворӣ, истифодаи усулҳои муосири технология ва таҷҳизоти бастабандӣ, инчунин дар машғулияти назариявӣ доир ба системаи ХАССП иштирок намуданд.
Муҳокимаи модулҳо бо SWOT таҳлили пурқувватӣ, заифӣ, имкониятҳо ва таҳдидҳои амалигардонии лоиҳа аз ҷониби иштирокчиён гузаронида шуда, баҳогузории онро эксперти академии лоиҳа Датсе Клава ҷамъбаст намуд.
Дар доираи ҳамбастагии илм бо истеҳсолот намояндагони донишгоҳ аз корхонаҳои ҶСК «Dobeles dzirnavnieks» (маҳсулоти ғалладона) ва корхонаи истеҳсоли шири “Тукум”, ки зиёда аз 400 намуди маҳсулоти ширӣ истеҳсол менамояд, дидан карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳамоҳангсози кулли лоиҳаи OFINU Ирина Кулитане барои амалӣ намудани нақшаи татбиқи лоиҳа дар муассисаҳои шарик ва гузаронидани семинару тренингҳо бо омӯзгорону шахсони алоқаманди лоиҳа аз корхонаҳои саноатӣ дар доираи донишу малакаҳое гирифташуда аз семинари омӯзишӣ тавсияҳо дода шуд.