ДТТ қабули довталабонро ба сафи унвонҷӯён аз рӯи ихтисосҳои зерин барои солҳои 2025 эълон менамояд

1. 15.13.06 – Татбиқи мошинаҳои ҳисоббарор, моделронии математикӣ дар тадқикоти илмӣ
2. 15.18.01 – Технологияи маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ
3. 05.18.06 – Технологияи равғанҳо, равғани эфир ва маҳсулоти парфюмерию косметикӣ
4. 05.18.12 – Равандҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли маҳсулоти хӯрока
5. 05.18.13 – Технологияи консервакардашудаи маҳсулоти хӯрока
6. 05.18.17 – Технологияи маҳсулоти хӯрокаи спиртдор
7. 05.19.04 – Технологияи маснуоти дузандагӣ
8. 05.19.02 – Технология ва коркарди аввалияи мавод ва ашёи хоми нассоҷӣ
9. 08.00.05 – Иқтисод ва идоракунии хоҷагии халқ,
Қабули ҳуҷҷатҳо аз 10-уми декабр то 25 декабри соли 2024.
Имтиҳоноти қабул аз 26-уми декабри соли 2024 оғоз мегардад.
Дохилшавандагон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
1. Ариза ба номи ректори Донишгоҳ бо нишон додани ихтисос ва шакли таҳсил;
2. Нусхаи дипломи намунаи давлатӣ оид ба хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
3. Варақаи шахсӣ ва тарҷумаи ҳол;
4. Тавсифнома ва тавсиянома аз ҷои кор;
5. 6 дона сурати андозааш (3х4), 1 дона сурат дар шакли электронӣ;
6. Маълумотномаи тиббӣ: шакли 086-У;
7. Номгӯи корҳои илмӣ, ихтироъҳо ва ҳисобот оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ. Дар ҳолати мавҷуд набудани маводҳои чопӣ, дохилшаванда бояд аз рӯи ихтисоси худ реферат пешниҳод намояд;
8. Шиноснома ва дипломи намунаи давлатӣ оид ба хатми муассисаи таҳсилоти олии касбиро дохилшаванда шахсан пешниҳод менамояд.
Забони таҳсил тоҷикӣ ва русӣ.