Бо роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти густариши омӯзиши забонҳо пайваста таҳким бахшида, дар ҳамкорӣ бо Институти забономӯзии Шоҳ Сеҷонги Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ курсҳои омӯзиши забони кореягиро роҳандозӣ намудааст.
Вобаста ба ин, имрӯз бо ибтикори Маркази муштараки Тоҷикистону Кореяи назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти «Маркази Институти забономӯзии Шоҳ Сеҷонг» чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Алифбои Кореягӣ баргузор гардид.
Муовини ректор – Ғафоров Ф.М. сухани ифтитоҳиро оғоз намуда, меҳмонон ва ҳозиринро аз номи раёсати Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба ҳамкориҳои тарайни миёни Донишгоҳ ва Маркази забономӯзии Донишкадаи шоҳ Сеҷонги Ҷумҳурии Корея баромад намуд.
Дар идома чорабинӣ шурӯъ гардида, барномаи он иборат аз озмунҳои ҷолиб буд:
Дар хотима ба ғолибони озмӯн сертификатҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

