Идораи равобити хориҷии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба диққати донишҷӯён-хатмкунандагони зинаи бакалаври донишгоҳ мерасонад, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи аэрокосмосии Шенян озмун барои дарёфти гранти Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро барои таҳсил дар магистратураи донишгоҳи номбурда дар соли 2025 эълон намудааст.
Барои иштирок дар озмуни мазкур хатмкунанда бояд дар 4 соли таҳсили бакалаврӣ бо баҳоҳои A/B таҳсил карда бошад ва ҳуҷҷатҳои зерринро омода намуда, пешниҳод намояд:
1. Шакли дархост барои стипендияи Ҳукумати Чин (Scholarship (http://www.campuschina.org/, Choose Program category: B, SAU Agency number:10143).
2. Нусхаи шиносномаи хориҷӣ.
3. Нусхаҳои дипломи бакалаврӣ ва замимаи он, ки тариқи нотариалӣ тасдиқ шудааст.
4. Пешниҳоди тадқиқотӣ (бо забони англисӣ на камтар аз 800 калима).
5. Маълумотнома (CV бо забони англисӣ).
6. 2 тавсиянома (Recommendation letter) бо забони англисӣ аз номи профессорон бо нишон додани рақами телефон ва суроғаи почтаи электронии онҳо. Тавсиянома бояд имзо шуда, мӯҳр дошта бошад.
7. Маълумотномаи тиббии шакли тавсиявӣ (бо забони англисӣ).
8. Шаҳодатнома дар бораи надоштани доғи судӣ (бо забони англисӣ).
Қабули довталабон аз рӯйи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
1. Муҳандисии авиатсионӣ (Aeronautical Engineering).
2. Истеҳсоли механикӣ ва автоматика (Mechanical Manufacture and Automation).
3. Технология ва илмҳои компютерӣ (Computer Science and Technology).
4. Идоракунии бизнес (Business Management).
Маълумоти иловагӣ:
- Грант маблағи таҳсилро пурра пардохт менамояд ва инчунин донишҷӯро бо стипендия (3000 юан дар як моҳ) таъмин мекунад;
- забони таълим – англисӣ;
- ихтисоси таҳсили бакалавр бояд ба ихтисоси интихобкардаи магистратура мувофиқат кунад;
- довталаб набояд дар айни замон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил кунад ва пеш аз ин гранти омӯзишии ин кишварро соҳиб нашуда бошад;
- довталаб бояд то санаи 31 январи соли 2025 ҳуҷҷатҳои заруриро дар вебсайт ҷойгир намояд ва нусхаҳои аслӣ ва электронии нусхабардоришудаи ҳуҷҷатҳои дар боло зикршударо ба Идораи робитаҳои хориҷии Донишгоҳ супорад.
Хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти бештар ва омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ метавонанд ба идораи робитаҳои хориҷии Донишгоҳ муроҷиат намоянд. Тамос: Тел.: 234-59-27, E-mail: imtertut90@gmail.com