ОҒОЗИ РӮЗҲОИ РОБОТОТЕХНИКА, ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ ТАЪЛИМӢ ВА ИНФОРМАТИКА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

12 ноябр дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои робототехника, технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва информатика баргузор гардид. Дар чорабинии “Рӯзҳои робототехника, технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва информатика”, ки аз ҷониби Агентии федералии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ҳамватанони муқими хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона (Россотрудничество) ва Донишгоҳи давлатии Астрахан ба номи В.Н. Татишев ташкил карда шудааст, хонандагон ва омӯзгорони фанҳои физика, математика ва информатика, инчунин омӯзгорони таҳсилоти иловагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Намояндагони Россотрудничество, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои робототехника, технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва информатика ширкат варзиданд.
Кабл аз оғози чорабинӣ дар саҳни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дастовардҳои инноватсионии омӯзгорон, донишҷӯёни Донишгоҳ ва устодону хонандагони Литсейӣ инноватсионии “Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуданд, ки меҳмонон, устодон, донишҷӯён ва хонандагон аз онҳо дидан намуданд.
Сипас, дар оғози чорабинӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки “Баргузории Рӯзҳои робототехника, технологияҳои инноватсионӣ ва информатка як қадами муҳим дар роҳи рушди таҳсилоти муҳандисӣ, оммавӣ кардани илм ва технология дар байни ҷавонон ва тақвияти шарикии башардӯстона ва таълимӣ байни кишварҳои мо мебошад. Ин рӯзҳо барои хонандагон ва муаллимон имконият фароҳам меоранд, ки таҷриба мубодила кунанд, истеъдод ва тафаккури техникии худро нишон диҳанд. Ман итминон дорам, ки чунин чорабиниҳо барои густариши минбаъдаи уфуқҳои таълимӣ, тақвияти робитаҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба рушди иқтидори зеҳнии кишвари мо ва тамоми минтақа нигаронида шудаанд, ангезаи қавӣ хоҳанд буд.”
Дар суханронии табрикотии худ, Андрей Валеревич Патрушев, роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти чунин чорабиниҳоро дар сатҳи байналмилалӣ чунин қайд кард: “Дар тӯли моҳи ноябр дар чор шаҳри саросари Тоҷикистон чорабиниҳои таълимӣ ва маърифатӣ, ки ба технология ва эҷодкорӣ барои мактаббачагон ва омӯзгорон нигаронида шудаанд, баргузор мешаванд. Барномаҳои мувофиқи рушди касбӣ барои омӯзгороне, ки математика, физика ва инорфматикаро бо забони русӣ таълим медиҳанд, таҳия шудаанд, ки бешубҳа дар ҷаҳони муосири мо хеле муҳим ва талабот дорад. Ман итминон дорам, ки иштирокчиён аз ҷаласаҳои ҷолиб ва пурмазмун баҳра хоҳанд бурд.”
Сироҷиддин Ниёзӣ, директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдурраҳмон Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баромади худ иброз дошт, ки ифтитоҳи Рӯзҳои робототехника, технологияҳои инноватсионӣ ва информатика чорабиниест, ки ба як платформаи муҳим барои рушди тафаккури эҷодӣ, шавқи илмӣ ва хоҳиши насли ҷавон барои донишҳои нав табдил ёфтааст. Ин ҷашни илм ва технология аст, ки рушди босуръати ҷаҳонеро инъикос мекунад, ки дар он рақамикунонӣ ва робототехника, барномасозӣ, зеҳни сунъӣ ва инноватсия ба як қисми ҳаёти ҳаррӯза табдил меёбанд.
Сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Исмоилзода Баҳром Мансур зимни баромад қайд намуд, ки чорабинии имрӯза ҳамкориҳои бахши маорифи пойтахтро бо муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия боз ҳам тақвият медиҳад, шароити мусоидро барои мубодилаи таҷриба бо ҳамкорон аз Русия фароҳам меорад ва ба татбиқи васеътари технологияҳои рақамӣ мусоидат мекунад.
Дар идома маърӯзаҳо дар бораи дастовардҳои илми Русия, имкониятҳои таҳсилоти техникӣ дар Русия ва нақши илмҳои дақиқ дар рушди муҳандисӣ дар кишвар пешниҳод карда шуданд.
Мавриди қайд аст, ки барнома дарсҳои интенсивии таълимӣ оид ба робототехника, физика ва математикаро барои хонандагони синфҳои 5-11, инчунин модули рӯ ба рӯи барномаҳои ташаккул ва рушди салоҳиятҳо барои муаллимонро дар бар мегирад, то салоҳиятҳои заруриро барои таъсиси муваффақона, идоракунии самаранок ва дастгирии методологии маҳфилҳои робототехника, математика ва физика инкишоф диҳанд.
Пас аз ҷамъбасти Рӯзҳои робототехника, технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва информатика, хонандагон бо сертификат ва муаллимон бо шаҳодатномаҳои такмили ихтисос мувофиқи стандарти муқарраршудаи Федератсияи Русияро сазовор мегарданд.