НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛАТ

“Истиқлолу озодӣ барои ҳар фарди Тоҷикистон арзиши муқаддастарин, сарвати гаронбаҳотарин ва сарчашмаи саодат ба ҳисоб меравад”.
Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан Истиқлолият неъмати бебаҳост ва қарзи ҳар яки мо шукронаи ин неъматро ба ҷо овардан ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намудан аст.
Ба шарофати Истиқлолият, Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, узви созмонҳои бонуфузи дунё пазируфта шудааст. Дар ин радиф, ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро на танҳо мешиносад ва эътироф мекунад, балки ташаббусҳои байналмилалии онро пуштибониву дастгирӣ менамояд.
Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навини тоҷикон воқеан беандоза аст. Маҳз бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии ин абармарди хирад ва родмарди сулҳи тоҷикон, Тоҷикистони азиз аз парокандашавӣ эмин ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллиро арзёбӣ намуда, гуфта буданд: «Истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ, бе муболиға яке аз бузургтарин дастовардҳои мо дар охири саддаи ХХ мебошад, ки ин аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад. Рисолати сулҳпарварии миллати тоҷик дар пурихтилофтарин давраҳои таърих ва бархӯрди тамаддунҳои гуногун низ ҳамеша бар суботу оромии кишвар равона гардида буд».
Бе шак, агар хиради миллӣ боло намегирифт ва ба истиқрори сулҳ намерасидем, ҳоло дигар на аз давлат ва на аз кишваре бо номи Тоҷикистон ному нишоне буд. Зеро, таҷриба нишон додааст, ки низоъу даргирӣ кори саҳл аст, вале расидан ба истиқрори сулҳ кори оддӣ нахоҳад буд. Чунин вазъро метавон дар ҳамсоякишвари Афғонистон мушоҳида намуд, ки дар дарозои чаҳор даҳа то ҳанӯз оташи ҷангу хунрезӣ дар ин кишвар хомӯш намешавад. Раванди барқарорсозии сулҳ ва оштии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст. Таҳаммулпазирӣ ва хиради волои халқи азиз имкон фароҳам овард, ки ба зудӣ оташи низоъ хомӯш гардад ва сулҳу салоҳ дар кишвар ҳукмфармоӣ намояд. Тамоми дастовардҳои имрӯзаи миллати тоҷик бо мафҳуми расидан ба ваҳдат ва истиқрори Сулҳ гиреҳ мехӯрад. Чун дар он ҷое, ки сулҳу суботи иҷтимоӣ набошад, имкони пешрафт амалан вуҷуд дошта наметавонад. Дар он кишвар садои тир, даҳшат, куштор, фоҷеа ва нобудӣ хоҳад буд, ки онро ҳамарӯза тариқа васоити ахбори умуми ҷаҳонӣ дар кишварҳои ҷангзада шоҳид мегардем. Вале расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ низ кори осон ва саҳлу соддае нест, ки бе кушиш ва часпу талошу ҷоннисорӣ ва аз худ гузаштан ба даст ояд.
Набояд фаромуш созем, ки он рӯзҳои сахту нангини солҳои 90-уми асри гузашта бо сар задани ҷанги хонумонсӯз қариб ба парокандашавии миллати тоҷик оварда мерасонид. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз тарсу ваҳм ва наҷоти ҳаёти худ ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурданд. Он солҳо Тоҷикистон ҳамчун кишвари ноором дар сархати воситаҳои ахбори омма қарор гирифта буд. Дар он шабу рӯзҳои ноором наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад. Барои ба эътидол овардани вазъияти ноороми кишвар, раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки ба мардуми шарифи Тоқикистон сулҳ меорад ва то гурезаи охиринро ба Ватан барнагардонад, худро ором намешуморад. Албатта, мо ҳама шоҳиди он ҳастем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардонавор дар гирдоби ин бесарусомониҳои печида ба қавлашон бо сари баланд вафо намуданд. Бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар Президенти навинтихоби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дареғ надошта, дар он давраи ноором якчанд маротиба ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуда, аз мардуми шарифи тоҷик даъват ба амал оварданд, ки ба ватани аҷдодиашон баргарданд. Ҳамзамон бо нерӯҳои гуногуни сиёсӣ ва мухолифин якчанд гуфтушунидҳо анҷом дода, ниҳоят санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо ташаббус ва ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин воқеаи муҳими таърихӣ садсолаҳо дар қалби тоҷикон боқӣ хоҳад монд.
Албатта, бо ин ҳама Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонеъ нагардида, баҳри пешравии Тоҷикистон ва некуаҳволии мардуми шарифи он пайваста талош меварзанд. Имрӯз Тоҷикистон – ватани маҳбубамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ бо қадамҳои устувор ба пеш меравад. Нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати ташаббускор ва созанда дар пешниҳодҳои беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла татбиқи ташаббуси чорум дар соҳаи об – «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамкориҳои зич бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд, инчунин баргузории конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, аз қабили муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез асос меёбад. Дар ин радиф давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо ин вабои аср аз тамоми имконот истифода мебарад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зимни кушодашавии конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва экстремизм” қайд намуданд, ки яке аз омилҳои паҳншавии терроризм интернет мебошад. Бар ин асос, ташкилотҳои террористӣ технологияҳои иттилоотии замонавиро фаъолона истифода бурда, шабакаҳои интернетиро барои ташвиқу тарғиби экстремизм, ҷалби насли наврас ва ҷавонон ба сафҳои худ, омода ва роҳбаладии онҳо барои амалҳои зишт ва харобиовар истифода мебаранд. Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки “Терорризм ватан, забон, нажот ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонида, тадбирҳоро мувофиқ сохтан зарур аст”.
Қобили зикр аст, ки дар даврони Истиқлолият бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушд ва барои зиндагии шоистаи мардум дар мамлакат бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва дар ин замина амалишавии чор ҳадафи тақдирсози стратегии Ҳукумати мамлакат: истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар корҳои зиёде ба анҷом расида истодаанд. Вобаста ба амалишавии ҳадафҳои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар санаи 16 ноябри соли 2018 ба кор андохтани аввалин агрегати НБО “Роғун” ва 9 сентябри соли 2019 ба кор андохтани агрегати дуюми НБО “Роғун” аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадами устувор дар рушди на танҳо Тоҷикистон, балки манотиқи Осиёи Марказӣ гардид. Ин рӯйдоди воқеан муҳим дар таърихи миллат бо хатҳои заррин асрҳо боқӣ мемонад.
Бешубҳа, заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллат беандоза аст. Мардуми бо нангу номус, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик дар партави Пешвои миллат устуворона қадам мениҳанд ва Ватани маҳбубро боз ҳам ободу зебо намуда истодаанд. Шаҳодати ин гуфтаҳо дар дигаргуниҳои куллӣ дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дида мешавад, ки ҳамаи онҳо аз баракати истиқлол ва ваҳдати миллӣ сарчашма мегиранд.
Бо назардошти нуктаҳои дар боло зикр гардида, ҳифзу нигоҳдоштани сулҳу оромиӣ, тарвиҷу таблиғи арзишҳои баланди истиқлол ва ваҳдатгароӣ ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидан ба пояҳои давлати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як нафар шаҳрванд ва сокини ватандӯстӣ кишвар мебошад, ки дар ин ҷода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Ин суханони ҳикматомез барои насли имрӯзаю оянда сабақомӯз буда, масъулияти ҳар фарди ҷомеаро ҷиҳати чун дарахти ҳамешасабз нигоҳ доштани давлати миллӣ боло мебарад.

Ф.М. Ғафоров,
муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди

технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Leave a Reply