Нақши зеҳни сунъӣ дар тақвияти зеҳни касбии мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазири соҳаи таҳсилоти олӣ

Мактуби иттилоотӣ

оид ба гузаронидани конференсияи ҷумҳуриявии   илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши зеҳни сунъӣ дар тақвияти зеҳни касбии мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазири соҳаи таҳсилоти олӣ»

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои иштирок дар конференсияи ҷумҳуриявии   илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши зеҳни сунъӣ дар тақвияти зеҳни касбии мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазири соҳаи таҳсилоти олӣ», ки рӯзи 21 феврали соли 2025, соати 9:00 баргузор мегардад, даъват менамояд.

Фарогирии мавзуии маърӯзаҳо:

  • Ташаккул ва рушди низоми идоракунии хизматрасониҳои таълимӣ дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ.
  • Самтҳои асосии истифодабарии технологияҳои зеҳни сунъӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар.
  • Зеҳни сунъӣ дар иқтисодиёт ва ҷомеа: натиҷаҳои таҳлили базаи додаҳо дар ташкилот.
  • Арзёбии вазъи имрӯза ва имкониятҳои рушди зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Зеҳни сунъӣ дар маориф ва неруи инсонӣ
  • Зеҳни сунъӣ дар татбиқи ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ
  • Иқтисоди рақамӣ 2025-2030: ҳалли минтақавӣ ва дурнамои ҷаҳонӣ.
  • Аз маълумотҳо то қарорҳо: иқтисоди рақамӣ дар амал.
  • Амнияти иттилоотӣ ва кибербехатарӣ
  • Соҳибкории рақамӣ, КИТТК ва инноватсияҳо

Шакли иштирок: маърӯзаи шифоҳӣ ва стендӣ. Маводҳои конференсия дар шакли маҳмуаи корҳои илмӣ дар низоми китобхонаи электронии eLIBRARY.RU ҳойгир карда мешаванд. Дархост барои иштирок ва ё матни маърӯза бояд то санаи 15 феврали соли 2025 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.

Мушаххасоти техникии вироиши маърӯза. Матнҳои ирсолшуда бояд пурра таҳриршуда ва ба талаботҳои техникии зерин ҳавобгӯй бошанд:

– саҳифаи – А 4, шакли китобӣ, ҳудуҳои саҳифа аз ҳама тараф – 20 мм;

– ҳуруф: шакл – Times New Roman, Times New Roman tj бо андозаи (кегли) – 14;

– сатри якум – ҳарфи авали ном ва номи падар, насаби муаллиф, дараҳаи илмӣ, унвони илмӣ, ҳойи кор (таҳсил), дар қавс шаҳр, вилоят – баробаркунии матн: дар тарафи рост;

-сатри дуюм – номи маърӯза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН – баробаркунии матн: дар байни саҳифа;

-сатри сеюм-шарҳи мухтасари мақола (бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), (то панҳ ҳумла) ва калидвожаҳо (то ҳафт калима);

– сатри чорум – матни асосӣ, ки дар таҳриргарӣ матнии Word ҳуруфчинӣ шудааст: фосилаи байнисатрӣ – 1,15, баробаркунии матн: бо паҳноии саҳифа; истифодаи ҳиҳобандии калимаҳо мумкин аст.

– рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «Адабиёт» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад. Ҳуруфи оддӣ, андозаи 12, фосилаи – воҳидӣ.

– ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври зер омода карда мешаванд: [3, 25], ки дар инҳо рақами аввал – рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дувум саҳифаи он мебошад.

– ишораҳои шартӣ ва ихтисораҳое, ки дар матн во мехӯранд бо истифодаи аввалинашон тафсир карда мешаванд.

-ҳаҳми матни маърӯза бо формула, расм, ҳадвал ва рӯйхати адабиёт набояд аз 8 саҳифа зиёд бошад (Формулҳо бояд дар таҳриргари формула сохта шаванд!).

Маводҳои конференсия бо таҳрири худи муаллиф чоп мешаванд. Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи гузаронидани таҳрири техникиро дошта, метавонад мақолаҳоеро, ки ба мавзӯъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботҳои техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд ба муаллифон баргардонад. Маводҳое, ки барои ислоҳ ва пуррагардонӣ ба муаллифон баргардонида шудаанд, бояд то санаи 18 феврали соли 2025 ба Кумитаи тадорукот ирсол карда шаванд.

Суроѓаи кумитаи тадорукоти конференсия:

Донишгоҳи технологии Тоҳикистон, ш. Душанбе, куч. Н.Қаробоев 63/3, Тел.: 2347989 (Раёсати илм ва татбиқот), 985-42-30-30 (Нусратзода М.Н.)

E-mail: m_a_84-84@mail.ru