Мизи мудаввар дар мавзӯи “Ташаккул ва нақши иқтисоди рақамӣ дар рушди устувории Тоҷикистон”

«Ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем»
Эмомалӣ Раҳмон
Дар факултети технологияҳои иттилоотӣ ва интеллекти сунъӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Ташаккул ва нақши иқтисоди рақамӣ дар рушди устувории Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он оид ба татбиқи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №642) ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 маърӯзаҳои илмӣ шунида шуданд.
Дар чорабинии илмӣ дотсент Раҳмонзода М.Н. – мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин донишҷӯёни факултети технологияҳои иттилоотӣ ва интеллекти сунъӣ бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд.
Зимни баромадҳо иброз гардид, ки дар шароити кунунӣ иқтисоди рақамӣ яке аз самтҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ буда, он тавассути роҳандозӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ барои беҳтар намудани идоракунии захираҳо, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва густариши хизматрасониҳо шароити хубро фароҳам меорад. Дар Тоҷикистон иқтисоди рақамӣ ҳанӯз дар марҳилаи ташаккул қарор дорад. Ҳукумати мамлакат як қатор стратегияҳо ва барномаҳоро барои рушди инфрасохтори рақамӣ ва густариши технологияҳои рақамӣ қабул кардааст.