Ҳамасола Паёми роҳнамосози Пешвои муаззами миллат, ки саршор аз андешаву ақидаҳои ҳакимона, хирадсолорона ва чорагар ба сӯи пешрафту шукуфоӣ аст, халқу кишвари азизи моро барои расидан ба зиндагии ормонгаро ва шоиста ҳидоятгарӣ намуда, аз умқи таълимоти барҷастаи фарҳанги гузаштагони миллати тоҷик ва кулли башар маншаъ мегирад.
Воқеъан, Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои хирадманду раиятпарвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳуҷҷати комилан стратегӣ ва илмӣ асосёфтаест, ки дар он бо огоҳии арзишманд аз ҷавҳари бунёду ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ сӯйи халқи азизи кишвар ироа шуда, самтҳои ташаккули давлатдорӣ дар дохилу ҳимояти манфиатҳо ва ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар замони хело печида ва пурасрор дар хориҷи кишвар мавқеъгирӣ мекунад.
Дар ҳамин авзоъи нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, пайваста шиддат гирифтани мухолифати абарқудратҳо, мусаллаҳшавии бошитоби мақсаднок, таҳдиди хатарҳои терроризму экстремизм ба амнияти кишварҳо, вазъи тағйирёбандаи иқлими ҷаҳон ва дигар омилҳои берунии ташвишовар шаҳрвандони кишвари азизи моро водор менамояд, ки барои пешгирӣ намудан аз таъсири манфии ин падидаҳо, бахуссус миллатро дар амон нигоҳ доштану роҳи дурусти рушди кишварро таъмин кардан, тадбирҳои саривақтӣ андешида тавонем. Ҳадафи Пешвои муаззами миллат дар ҳамин вазъи ҳассос дар заминаи амалисозии ормонҳо миллӣ, муҳимтар аз ҳама таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодии кишвар асту мароми асосӣ беҳ гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум маҳсуб мешавад. Чун Роҳбари давлати азизамон қайд карданд: «… мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».
Барои таъмини ҳамин марому каломи фасеҳу балеғи Пешвои муаззами миллат пеш аз ҳама аҳли зиё, илму фан, маорифу фарҳанг, дину оин ва халқи соҳибфарҳангу бофазл, тамаддунофару соҳибдавлати тоҷикон бо тарбияи дурусти фарзандон, алалхусус насли ҷавону ояндасоз мебояд ва таъмини пешрафти кишвар тамоми неруи хешро сафарбар намоянд. Ин рисолату амонатест, барои ҳар як шаҳрванди озодазодаи ватандори Тоҷикистони азиз!
Зимни таҳлили амиқи ватандорона Роҳбари давлатамон дар Паёми имсола бо ифтихор зикр карданд, дар се-панҷ соли охир мо ба дастовардҳои ниҳоят арзандаи рушд молик гардидем, ки ин ҳама аз саҳму самараи хидмати фарзандони банангу номус ва хирадманду ободкори ҳамин сарзамин маншаъ мегиранд. Дар ҳамин росто, танҳо дар рушди соҳаи маориф дар се соли охир беш аз 1500 иншооти нав бунёд гардидааст, ки дар даврони соҳибистиқлорлӣ беназир аст. Агар инро ба ибораи назмӣ ифода намоем: «… Таъмири ҷаҳон кори хирадмандон аст».
Дар замони пурҳаводиси олам танҳо миллате, сарбаланду дар амон мемонад, ки сокинони кишвараш ватандор, илммеҳвар, маорифпарвар, навовару эҷодкор, китобдӯсту фарҳангсолор асту хираду донишро омили муҳими тавонгарӣ медонанд. Ба қавли Фирдавсии бузург:
Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Ё дар ҷойи дигар:
Ба дониш равонро тавонгар кунед,
Хирадро ба ин бар сар афсар кунед.
Давоми панҷ соли охир 4 маротиба баланд бардоштани маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ, алалхусус зиёиён, ки дар маҷмуъ ба андозаи 100 фоиз зиёд шудани музди меҳнатро дар бар мегирад, аз таваҷҷӯҳи рӯзафзуни Пешвои хирадманиши мо барои таҳкиму устувории соҳаи илму маориф, рушди фарҳанг ва дар ин замина донишманду хирадасос тарбия ёфтани насли наврасу ҷавони кишвар далолат намуда, ҳадафи он ҳамсанги рӯзгори дунёи мутамаддин тарбия ёфтани табаъияти кишвар аст.
Ҳамин заруратро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат барои давраи панҷ соли оянда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ дастур ироа намуданд, ки бояд ба самтҳо, алалхусус ҷиҳати рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад. Дар ин зимн бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ солҳои 2025 – 2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карданд. Ин ташаббус пеш аз ҳама масъулияти аҳли зиёро дар татбиқи ҳадафҳои олии Роҳбарияти кишвар беш аз пеш зиёд мегардонад. Ҷиҳати татбиқи ин ҳадафи созанда мо – аҳли зиё, вазифадорем, ки дар замони рушди бесобиқаи илму инноватсия тамоми дониш ва ҷаҳду талоши хешро амалан истифода намоем. Ҳамин заруриятро ба инобат гирифта, ҷиҳати дар низоми таълимии тамоми муассисаҳои зинаҳои таҳсилоти касбӣ таъсиси равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ талабот гузошта шуд, ки хело бамаврид аст.
Ҳанӯз ба тақвият ниёз доштани масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир дар зинаи таҳсилоти олӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ мо-кормандони соҳаи илму маорифро муваззаф мегардонад, ки бо назардошти дарки масъулияти инсонсозӣ, вобаста ба вазъи ҷаҳонишавӣ, тарбияи насли донишманду худогоҳ ва ба ҷаҳони имрӯз мутобиқ ташаккулёфтаро тарбияву таълим диҳем, то дар рӯзгори даҳр, дар чорсӯи зиндагӣ ба парешониву ноумедӣ мувоҷеҳ нагарданд. Ҳама имконоти таъмини рушдро барои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон Ҳукумати кишвар таъмин кардаву ҳама роҳҳои дарёфти дониш ва табодули илму таҷриба, тадрису таҳсил муҳайё гардидааст. Имконияти озоди таҳсили донишҷӯён дар 42 кишвари олам ва ҳамчун мутахассисони баркамоли ба бозори меҳнати замони нав ҷавобгӯ омода шудани ҷавонони кишвар ҷойи шукру сипос аз соҳибистиқлоливу давлатдорӣ аст. Аз ин ҷиҳат аввалан волидайни гиромӣ ва сипас мураббиёну омӯзгорон ва аҳли илму зиёи кишварро месазад аз таъкидҳои сирф ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат хулосаҳои эътимодбахш ба саодати фардои миллат бароварда, дар тарбияи нишонраси насли наврасу ҷавон бояд камари ҳиммат бубандем. Аз остони муассисаи томактабӣ забондону ҳушманд таълиму тарбия намудани кӯдакон ва ин рисолатро якҷо, дар ҳамкории хело қавӣ бо волидайн таъмин намудан барои мо омӯзгорон зарурати имрӯзӣ маҳсуб аст. Ба маврид дар ироаи Паёми навбатӣ таъкид карда шуд, ки «ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад». Ҳамин тариқ, зимни таҳлил ва омӯзиш аз нуктаҳои Паёми навбатӣ бармеояд, ки ҷавҳари он-дарёфти зиндагии шоиста асту моро ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф танҳо илму дониш, хирад ва фанновариву навоварӣ ба сӯйи шукуфоиву саодат роҳнамоӣ мекунад.
Пешвои муаззами миллат доиман таъкид менамоянд, ки ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам ва ин ташаббус минбаъда ҳам дар маркази таваҷҷӯҳ ва идораи давлатӣ қарор мегирад. Вобаста ба ҳамин бараъло аз хулосаи мантиқӣ ва андешаи Роҳбари давлат айён аст, ки «… то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд».
Волидайни азизи фарзандонро месазад аз ҳидоятҳои Пешвои миллат сабақ гирифта, амиқан дар тарбияи фарзандон кушиши ҷиддӣ ба роҳ монанд ва донанд, ки дар ҳама айём хурофот ҷаҳолат хатари асту он ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад. Аз ин рӯ ҷиҳати фарзандони худро аз ин падидаи нобудгар эмин нигоҳ доштан, танҳо рӯ ба илму маърифат овардан аст.
Дар “Роҳат¬ус¬судур”¬-и Ровандӣ ба ин нуктаи омӯзандаву роҳнамо бармехӯрем: “ Ва бидон, ки олами ҷаҳл зулмотест ва олами илм оби ҳаёти зулмот аст. Агар ҳар, кӣ оби ҳаёти илм дар мазрааи дил биронад ва ниҳоли дониш биншонад, номи ӯ абадуддаҳр боқӣ бимонад”.
Дар саргаҳи соҳибистиқлолӣ аҳли зиё ва кулли шаҳрвандон мебояд бо ақлу иродаи қавӣ дарки вазъи замонро дошта бошанд ва дар ислоҳи камбуди хеш боиродат бошанд. Дар осори «Гуфтугӯҳо ва андешаҳо»-и ҳикмати таълимоти Конфутсий-хирадсолори чинӣ омадааст: «Хатои ягона ва бузург ислоҳ накардани хатои худ аст». Пас, биёед худро ислоҳ карда, парвардаҳои хешро ба сӯйи саодат аз баракати илму фан роҳашонро рӯшан гардонем, то шахсиятҳои ватансоз ба воя бирасанд. Ё ба маънии дигар аз таълимоти ӯ, ки дархӯри ҳамин маънӣ аст, зикрашро ба маврид медонам: «Шамъаке афрӯхтан беҳтар аз торикиро нафрин хондан аст».
Афкори ахлоқии форс-тоҷик низ аз ҷузъи таркибии ахлоқи умумиҷаҳонӣ буда, пайваста дар талқини илмудонишомӯзӣ бобати тарбияи фарзандон дар дарозои таърих таъсири амиқ доштаву дорад. Дар осори муаллифони «Пандномаи Бузургмеҳр», «Андарзи Озарбади Меҳраспандон», «Андарзи Хусрави Қубодон», «Андарзи кӯдакон», «Калила ва Димна» ва дигар асарҳои антиқа масъалаҳои гуногуни ҳикмати амалӣ, чун донишомӯзию хирадпешагӣ, накӯхоҳию накӯкорӣ, адолату шуҷоат, сабру қаноат, ростию покӣ, мазаммати бадӣ, дурӯғу туҳмат, кибру ҳасуд ва ғайраро баррасӣ намудаанд. Ахлоқи пешазисломӣ, ки ба пояҳои баланди рушду камол расида буд, ба анъанаву суннатҳои ахлоқии давраҳои баъдини аҷдодамон низ бетаъсир намонданд ва саромадони адабиёту фарҳанги классикии форсу тоҷик низ дар боби илму тарбиятдиҳӣ ба фарзандон ва роҳкушоӣ ба касбазхудкунию шахсияти баркамол ба воя расидан эҷоди гаронбаҳо доранд. Ҷойи қайд аст, ки аз ҳар ҳарфу садои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат афкори ибратомӯзи ниёкон сабақомӯз садо доданд.
Вобаста ба ҳикматҳои роҳнамосози Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андар боби тарбияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, баҳравар гардидан аз неъмати таълиму тадрис, забондонӣ, баҳравар шудани насли наврасу ҷавон аз технологияи муосир, соҳибкасб гардидан, ба сатҳи ҷаҳонӣ омода намудани мутахассисон, истифодаи самараноки неъматҳои моддӣ ва маънавӣ барои рушди кишвар, эҳсоси масъулияти баланди кормандони соҳаи илму маориф, аҳли зиё, падару модарон ва тамоми шаҳрвандони кишвар барои тарбияи фарзандон, таъмини зиндагии осоишта ва амнияту субот, ҳамчун ватандори асил саҳм гузоштан дар пешрафти кишвар рӯ оварда қайд карданд, ки «Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем. Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам».
Ин нуктаҳо ҳар яки моро муваззаф менамоянд, ки дар партави тарбияи волои гузаштагонамон пайи тадбиқи ҳадафҳои олии Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат камар баста, хосса дар тарбияи бенуқсони насли наврасу ҷавон ҳиссаи сазовору арзанда гузорем.
Сафарзода Ғ.Ғ.,
номзади илмҳои таърих,
мушовири ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон