ИШТИРОК ДАР СЕМИНАР-МАШВАРАТИ БАРНОМАИ Erasmus+ (ИТТИҲОДИ АВРУПО) ОИД БА ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ CirculEс

Гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ – Ғафоров Ф.М., сардори идораи татбиқи стратегияҳо ва технологияҳои инноватсионӣ – Ҷафаров А.С. ва муовини декан оид ба таълими факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ – Маликов Ф. дар нимаи дуюми моҳи марти соли 2025 дар семинар-машварати барномаи Erasmus+ дар доираи амалигардонии лоиҳаи “CirculEс – Таҳияи барномаи таълимӣ ва модулҳои инноватсионӣ дар иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор”, ки дар шаҳри Билефелди Ҷумҳурии Федеративии Олмон доир гардид, иштирок намуданд.
Дар семинар-машварати мазкур, ки дар Донишгоҳи илмҳои бунёдӣ барои корхонаҳои хурд ва миёнаи (FHM) Билефелд баргузор гардид, намояндагони донишгоҳҳо аз Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ ширкат варзиданд.
Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳаи мазкур ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъалаҳои истифодабарии самараноки захираҳои табиӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккул ва рушди иқтисоди сабз, зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо ҳамрадиф буда, натиҷагирӣ аз он тариқи ворид намудани технологияҳо, муносибатҳо ва усулҳои нави таълим дар системаи таҳсилоти олии касбӣ ба амал бароварда мешавад.
Модулҳои таълимӣ бо назардошти баланд бардоштани иқтидори таълимии мактабҳои олӣ ва фаҳмиши принсипҳои иқтисоди даврӣ дар байни донишҷӯён барои эҷоди экосистемаи ояндаи устувор, таҳия намудани модели иқтисоди даврӣ тавассути ба роҳ мондани коркарди самараноки партовҳо ва мусоидат ба истифодаи такрорӣ ва коркарди захираҳо, мусаллаҳ кардани донишҷӯён бо дониш ва фаҳмишҳои нав оид ба ин принсипҳо барои татбиқи таҷрибаҳои иқтисоди даврӣ ва моделҳои устувори тиҷоратӣ дар фаъолияти ояндаашон, таҳия хоҳанд шуд.
Ҳайати устодон тибқи барномаи муқарраргардидаи семинар-тренинг аз ҷумла, иштирок дар семинари идоракунии муҳити зист (бо гузориши проф. Мелани Эйкенбуш (Melanie Eikenbusch), муаррифии Project Packless (бо гузориши проф. Рулф Трейдел (Rulf Treidel), семинар оид ба иқтисодиёти давравӣ дар мавзуи методологияи Circo (бо гузориши проф. Бас Рулофс (Bas Roelofs), семинари идоракунии иқлим (бо гузориши Мелани Эйкенбуш (Melanie Eikenbusch) инчунин экскурсия ба шаҳри Лемго ҷиҳати боздид аз шаҳраки таълимӣ – компуси инноватсионӣ (Innovation Campus Lemgo FhM) ва ҳамзамон боздид аз ширкати ZF Friedrichshafen AG -и шаҳри Билефелд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ҷузъҳои таваққуф ва гардонанда ва интиқол барои мошинҳои сабукрав, мошинҳои тиҷоратӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, агрегатҳо барои бахши саноат, ҷузъҳои гардонандаи киштиҳои дарёӣ ва баҳрӣ, энергияи шамол, ҷузъҳо ва системаҳои электронӣ, ки таҷрибаи амалӣ хос ба мазмун ва муҳтавои иқтисоди даврӣ мебошад, шиносоӣ намуданд.
Зимнан бо истифода аз абзорҳои иттилоотӣ оид ба тавонмандӣ ва таҷрибаи шарикон оид ба мавзуҳои мавриди назар пурсиш гузаронида шуда, нуқтаҳои лозимиро барои корбарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Баъдан оид ба аҳамият ва татбиқи модулҳо, фанҳо ва барномаҳои таълимии баррасишаванда аз таҷрибаи якояки шарикон ба таври шифоҳӣ маълумоти муқаддимавӣ гирифта шуд.
Дар рафти семинар кори амалӣ оид ба назардиди донишгоҳҳои аъзои консорсиуми лоиҳа оид ба контенти ояндаи барномаҳои таълимӣ ва сохтори онҳо гузаронида шуд ва ҳар як донишгоҳ дар алоҳидагӣ рӯнамоии махсуси худро муаррифӣ намуданд.
Дар идомаи семинар гуруҳҳои қаблан ташкилгардида баъди пурра фаҳмонида додани мафҳумҳо, муносибатҳои субъектҳо ва технологияҳои фарогири равандҳои дарназардошташуда ба кори амалӣ пардохтанд ва бо истифода аз маводҳои дидактикӣ моделҳои мантиқии худро оид ба фаҳмиши иқтисоди даврӣ дар мисоли истеҳсоли маҳсулоти мушаххас таҳия намуданд. Дар охир ҳар як гуруҳ кори баанҷомрасонидаи худро барои ҳозирин муаррифӣ намуданд.
Дар интиҳои семинар ба устодон сертификатҳои тахассусӣ ҷиҳати аз худ намудани курси кӯтоҳмуддати шиносоӣ аз барномаи иқтисоди даврӣ дода шуд.
Дар назар аст, ки бо андӯхтани таҷрибаи аврупоии таҳияи барномаи таълимӣ ва модулҳои инноватсионӣ дар иқтисодиёти даврӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барномаи таълимии Идоракунии иқлими корпоративӣ, Идоракунии экологии корпоративӣ ва Асосҳои иқтисодии даврӣ таҳия гардида, ҳамчун модулҳои таълимӣ ба донишҷӯён тадрис дода мешаванд.
Олмон, 15 – 22.03.2025