Мафҳуми Озодӣ ва сулҳ, ки барои мардуми сайёра, алалхусус, тоҷикистониён арзиши баланд дорад, беҳтарин неъмат ба ҳисоб меравад. Маҳз бо дарназардошти муҳиммияти ин нукта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки: “Мо бояд Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем”.
Дар ҳақиқат, ҳамин тавр аст. Чунки, агар Истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ намебуд, мо ба имрӯзи пурсаодат ва ягон хел дастовард соҳиб намегардидем.
Раванди тайнамудаи марҳилаҳои таърихӣ собит намудааст, ки Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар як миллат мебошад, ки худро шинохтаасту тамаддуни хешро медонад ва аз онҳо ифтихор мекунад. Тавассути соҳибистиқлолии Ватан мо ба давлату давлатдории худ заминаҳои боэътимоду устувор гузошта, роҳи барпо намудани ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтем.
Мусаллам аст, ки Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар миёни ҷашнҳои миллии мо мавқеи хоса дорад. Зеро ин санаи нодири таърихӣ дар саҳифаҳои давлатдории миллиамон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад. Албатта, бо дарки воқеияти рӯз ҳаёти иҷтимоии кишвар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ ба куллӣ тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ тадриҷан ҳалли худро пайдо намуданд.
Таҳти дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сар то сари шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъати тозаро касб намуда, ба шарофати заҳматҳои содиқонаву софдилонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари воҳиди рӯ ба тараққӣ мубаддал гаштаистодааст.
Табиист, ки дар ҳама давру замон пойтахтро оина ва дили кишвар меноманд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин омил, солҳои охири даврони соҳибистиқлолии Ватан пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикору ташаббусҳои навини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастоварду комёбиҳои дар ҳама самтҳои муҳими хоҷагии халқ бесобиқаву қиёснашаванда ноил гардидааст.
Боиси таъкиди махсус аст, ки вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе тайи солҳои охир имкон фароҳам овардааст, ки бо бунёд ва навсозии иншооти таъиноташон гуногун симои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе куллан тағийр ёфта, дар мавзеъҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонон хизматрасонии босифат ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз бо ифтихору сарфарозӣ метавон гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқею эътибори эътирофшуда дорад.
Баргузории якчанд чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилаливу минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва макони баргузории ин гуна чорабиниҳои сатҳи олӣ интихоб гардидани пойтахти азизамон далели баланд гардидани нуфузу эътибори Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Пас бо дарки моҳияти аслии ин неъмати бебаҳои миллӣ тарғибу таблиғ, васфу сифот ва тараннуми ин санаи муборакро дар миёни ҷомеа ва тору пуди ин насли ватандӯсту ватанпарвар мебояд аз ҳарвақтаи дигар бештару зиёдтар ба роҳ монем, зеро Истиқлолият: шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқи тоҷикон, рамзи саодату шарти бақои миллат, падидаи бемислу боазамати таърихӣ, ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, санаи сарнавиштсозу муқаддас, амалисозии ҳадафҳои муҳимми стратегии миллӣ ва ҳамчунин василаи омӯзиши таҷрибаи пешқадами аксари кишварҳои олам шинохта шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ ҳамқадами истиқлол буда, маҳз дар ин даврон ташаккул ёфта, ҳамчун яке аз мактабҳои олии бонуфузи мамлакат мавқеъи хосаи худро пайдо намудааст.
Таълимгоҳ тибқи Қарори Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 1990 таъсис ёфта, дар оғоз он ҳамчун Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон ба фаъорлият шурӯъ намуд.
Баъдан дар асоси Қарори Девони Вазирони ИҶШС аз 29 июли соли 1991 ва Қарори Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 1991 ба Донишкадаи технологии саноати сабук ва озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе табдили ном кард.
Инчунин, пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, тибқи Қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 1993 ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар зиёда аз 18000 нафар мутахассисони рақобатпазирро тайёр намуда ва ҳоло онҳо дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар фаъолият карда истодаанд.
Донишгоҳ барои ташкили босамари ҷараёни таълим ва дар сатҳи талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ тайёр намудани мутахассисони дорои потенсиали баланди илмӣ–педагогӣ, – дорои пойгоҳи васеи моддию техникӣ мебошад.
Дар ҷараёни таълим ва корҳои илмию тадқиқотӣ зиёда аз 1000 компютерҳо ва 25 синфхонаҳои компютерӣ, зиёда аз 33 озмоишгоҳҳои тахассусӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Донишгоҳ бо хати оптикӣ ба шабакаи Интернет пайваст мебошад. Мавҷудияти академияи маҳалии Cisco имконият медиҳад, ки донишҷӯён дар курсҳои сертификатсионии Cisco иштирок варзанд ва соҳиби сетртификати дараҷаи байналмилалии мутахассиси ин ширкат гарданд.
Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ васеъ буда, бо беш аз 140 таълимгоҳҳои олии хориҷи кишвар ҳамкорӣ дорад. Мутахассисон аз хориҷи кишвар даъват карда шуда аз фанҳои тахассусӣ ба донишҷӯён дарс медиҳанд.
Ҳар сол дар доираи барномаҳои байналмилалии ЭРАСМУС+, GIZ, KOIKA ва дигарҳо донишгоҳ соҳиби чандин грантҳо мегардад, ки онҳо ба кормандон ва донишҷӯён барои дар хориҷи кишвар таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ намудан имкониятҳои васеъро фароҳам меоваранд.
Дар назди ДТТ фаъолият намудани Маркази Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯёни мо забонҳои муосири барномасозиро аз худ намуда, тарзи барномарезии кори роботҳо ва савораҳои бесарнишинро аз худ намоянд.
Дар маркази мазкур се нафар устодони варзида аз Кореяи Ҷанубӣ ба донишҷӯён дарс меомӯзонанд.
Имрӯз, дар донишгоҳ аз рӯйи 58 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз рӯйи 36 ихтисос дар зинаи магистратура ва аз рӯйи 8 самти илмӣ докторантура аз рӯи ихтисос PhD мутахассис тайёр мекунад.
Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ дар пайравӣ ба ғамхориҳои доимӣ ва таъкидҳои Сарвари давлат тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, ки шумо донишҷӯён ҳамчун шаҳрвандони саодатманди кишвар соҳиби илму донишҳои муосир гардед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунед, ба миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш ҳамеша содиқ бошед, Ватани аҷдодиро самимона дӯст доред, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ, инчунин сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунед, нангу номус ва ҳисси баланди ватандорӣ дошта бошед, эҳтироми падару модар ва калонсолонро ба ҷо оваред.
Бахусус, дар замони торафт вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳар яки моро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи намояндагони ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро нагардем.
Ватанамонро дӯст дорем, ҳамеша дар ободию шукуфоӣ ва дар ҳифзи марзу буми он қарор дошта бошем, дастовардҳои замони истиқлолро пос дорем, ба қадри озодӣ, сулҳу субботи Тоҷикистони азиз бирасем ва нерӯи инсонии хешро барои таҳким бахшидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ равона созем.
Ректори ДТТ
Раҳмонзода З.Ф.