Тибқи дастури Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби намояндагони Барномаи рушди СММ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва AKF Tajikistan барои донишҷӯён тренинг баргузор гардид.
Зимни суханронии ифтитоҳӣ муовини ректор Ғафоров Ф.М. аз номи ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. ҳозиринро хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи мутахассисони замони нав Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2017 таҳти №262 “Дар бораи Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, ҳамкориҳоро бо корхонаю муассисаҳо, ташкилоту ширкатҳо мунтазам вусъат мебахшад. Қайд карда шуд, ки ба ҷой кор тақсим намудан ва мониторинги хатмкунандагон яке аз вазифаҳои афзалиятноки Донишгоҳ ба ҳисоб меравад ва дар ин раванд раёсати Донишгоҳ корҳоро мунтазам роҳандозӣ менамояд.
Дар баромадҳои худ намояндагони Барномаи рушди СММ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва AKF Tajikistan оид ба муҳтавои тренинг ва нозукиҳои ба ҷои кор таъмин гардидан, инчунин вобаста ба мавзуҳои “Soft Skills: ключевые навыки ХХI века”, “Платформаи миллии Вакансияҳо дар Тоҷикистон KOR.TJ” маърӯза намуданд.
Дар интиҳо миёни намояндагони ширкату вазорат ва донишҷӯён муколама доир гардид.
ДТТ, 22.01.2025