Ҳамасола бо мақсади огоҳи бештари хатмкунандагон бо ихтисосҳо ва роҳнамоии онҳо ба интихоби касб дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тадбирҳои иттилоотонӣ аз ҷумлаи баргузор гардидани «Рӯзи дарҳои кушод» бо иштироки шумораи васеи хонандагони муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Ба ин васила имрӯз хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз имкониятҳо ва пойгоҳҳои моддию техникии Донишгоҳ ва ихтисосҳои он аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 1990 таъсис ёфта аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистон барои соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар – саноати сабук ва хӯрокворӣ мутахассисони маълумоти олӣ доштаро, ки то даврони Истиқлолият дар хориҷи кишвар тайёр карда мешуданд, таъмин намуд. Дар тӯли фаъолият барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар зиёда аз 18000 нафар мутахассисони рақобатпазирро тайёр намудааст ва ҳоло онҳо дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар фаъолият бурда истодаанд.
Донишгоҳ барои ташкили босамари ҷараёни таълим ва дар сатҳи талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ тайёр намудани мутахассисон дорои потенсиали баланди илмӣ–педагогӣ, пойгоҳи васеи моддию техникӣ мебошад. Зиёда аз 90 синфхонаҳо бо тахтаҳои электронӣ ва асбобҳои мултимедиявӣ ҷиҳозонида шуда, дар ҷараёни таълим ва корҳои илмию тадқиқотӣ зиёда аз 940 компютерҳо ва 24 синфхонаҳои компютерӣ, зиёда аз 33 озмоишгоҳҳои тахассусӣ мавриди истифода қарор доранд. Донишгоҳ бо хати оптикӣ ба шабакаи Интернет пайваст мебошад. Мавҷудияти академияи маҳалии Cisco имконият медиҳад, ки донишҷӯён дар курсҳои сертификатсионии Cisco иштирок варзанд ва соҳиби сетртификати дараҷаи байналмилалии мутахассиси ин ширкат гарданд.
Мавҷудияти озмоишгоҳҳои тахассусии таълимӣ, ҳамкории васеъ бо корхонаҳои саноатӣ имконият медиҳанд, ки мутахассисон баъди хатми донишгоҳ ба талаботи бозори меҳнат тайёр бошанд ва соҳиби ҷойи кор гарданд. Донишҷӯён дар давоми таҳсил ба корхонаҳои саноатӣ, бонкҳо, ширкатҳо ба таҷрибаомӯзӣ ва гузаронидани дарсҳои тахассусӣ ҷалб карда мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ васеъ буда, бо 138 таълимгохҳои олии хориҷи кишвар ҳамкорӣ дорад. Мутахассисон аз хориҷи кишвар даъват карда шуда аз фанҳои тахассусӣ ба донишҷуён дарс медиҳанд. Ҳар сол дар доираи барномаҳои байналмилалии ЭРАСМУС+, GIZ соҳиби чандин грантҳо мегардад, ки онҳо ба кормандон ва донишҷӯён барои дар хориҷи кишвар таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ намудан имкониятҳои васеъро фароҳам меоваранд. Дар назди ДТТ фаъолият намудани Маркази Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯён забонҳои муосири барномасозиро аз худ намуда, тарзи барномарезии кори роботҳо ва савораҳои беодамро аз худ намоянд. Дар маркази мазкур се нафар устодони варзида аз Кореяи Ҷанубӣ дарс меомӯзонанд.
Донишгоҳ аз рӯйи 48 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз рӯйи 36 ихтисос дар зинаи магистратура ва аз рӯйи 8 самти илмӣ докторантура аз рӯи ихтисос PhD мутахассис тайёр мекунад. Ба қарори Шӯрои аккредитатсионии Агентии мустақили рейтинг ва аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон аз 28 феврали соли 2020, №49 ду барномаи таълимии донишгоҳ бо муҳлати 5 сол ва барои як барномаи таълимӣ ба муҳлати 3, инчунин тибқи қарори Шӯрои мазкур аз 26 январи соли 2024, №81 ду барномаи дигари таълимӣ ба муҳлати 5 сол соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалии аккредитатсияи барномавӣ гардиданд.
Инчунин бахшида ба «Рӯзи дарҳои кушоди Донишгоҳ» дар толори Донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби ансамбли “Зуҳал”-и Донишгоҳ барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид.
Дар умум чорабинӣ дар як сатҳи бисёр ҳам хуб баргузор гардида, ба муҳасилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хеле писанд омад.
ДТТ,
15.03.2025