Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои пешбинишудаи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040 ҷиҳати беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавии донишҷӯён-хатмкунандагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар санаҳои 26-27 ноябри соли ҷорӣ вохӯрии судманд бо намояндагони гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” –и Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбеи назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни мулоқот муовини ректор Ғафоров Ф.М. ва мушовирони ҳуқуқии Маркази мазкур оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатии самт бо мақсади ҷалби бештари аҳолии қобили меҳнат ба шуғл ва ба ин васила коҳиш додани раванди бекорӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум баромад намуданд.
Мушовирони ҳуқуқии Марказ ба иттилои донишҷӯён-хатмкунандагон оид ба бо шуғл фаро гирифтани онҳо, имкониятҳои бокортаъминшавӣ ва гузаштан аз курсҳои кӯтоҳмуддат маълумоти муфассалро пешниҳод намуда, ба саволҳои сершумори онҳо посух доданд.
Чунин вохӯриҳои судманд ҷиҳати баланд бардоштани малака ва имкониятҳои бокортаъминшавии донишҷӯён-хатмкунандагон минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

