Дастаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии минтақаи Осиёи Марказӣ дар доираи Озмуни ҷаҳонии малакаҳои касбии донишгоҳҳо ва коллеҷҳо дар самти «Энергетика» сазовори ҷойи сеюм гардид.
Марҳилаи мазкур дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардида, дар он дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии минтақа ширкат варзиданд.

