Cтипендия дар зинаи бакалавриат ва магистратура дар Донишгоҳи Валладолид

Идораи равобити хориҷӣ ба диққати донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мерасонад, ки Донишгоҳи Валладолиди Шоҳигарии Испания дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳ дар доираи лоиҳаи мубодилаи академии байналмилалии Эразмус+ KA-171-и Иттиҳоди Аврупо қабули дархостҳоро барои соли таҳсили 2026-2027 ҷиҳати дарёфти стипендия дар зинаи бакалавриат ва магистратура дар Донишгоҳи Валладолид эълон намудааст.
Маълумоти муфассал тавассути истиноди зеррин дастрас аст:
https://uvamobplus2.uva.es/…/CONVOCATORIA_SMS_2627_EN.pdf
Муҳлати ниҳоии дархостҳо 05-уми майи соли 2026 (бо вақти Испания 23:59) аст.
Барои гирифтани маълумоти бештар ва омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ хоҳишмандон метавонанд ба идораи робитаҳои хориҷии Донишгоҳ тавассути телефони 234-59-27 ва почтаи электронии intertut90@gmail.com муроҷиат намоянд.
Ёдрас менамоем, ки довталабон аз ҳамаи ҳуҷҷатҳои омодагардида бояд як нусхагӣ дар як ҷузвдони алоҳида ба идораи робитаҳои хориҷии Донишгоҳ супоранд.

Leave a Reply