Вохӯрии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо Директори Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Тоҷикистон

Дар таърихи 25 феврали соли 2025 дар доираи татбиқи лоиҳаи “Таъсиси маркази таълимӣ дар соҳаи технологияҳои нассоҷӣ оид ба омада намудани муҳандисони саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон” дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) маблағгузорӣ карда мешавад, вохӯрии ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бо Директори Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Тоҷикистон ҷаноби Канг Синг Ҳон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Раҳмонзода З.Ф. ташрифи ҷаноби Канг Синг Ҳонро ба донишгоҳ самимона хайрамақдам гуфта, меҳмонро бо дастовардҳои таълимию илмии донишгоҳ ва доираи васеи ҳамкориҳо бо созмону ташкилотҳои куриёгӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори технологӣ, фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ ва рушди нерӯи корӣ дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, саноати сабук ва омӯзиши фарҳангу забони Корея шинос намуд.
Сипас ҷонибҳо ба муҳокимаи васеи лоиҳаи дарназардошташуда пардохта, хулосаҳои ниҳоии коршиносони соҳавиро баррасӣ намуданд ва омодагии худро нисбати оғози пурраи лоиҳа иброз доштанд.
Дар фаранҷоми вохӯрӣ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба меҳмон ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.