Дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии Раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни соли аввали факултети “Иқтисодиёт ва молия” баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Раҳимзода М.И., роҳбарияти донишгоҳро ба донишҷӯёни нав муаррифӣ намуда, бо суханони пурмуҳаббат таъкид дошт:
Факултети мо ҳамеша маркази парвариши мутахассисони баландихтисос буда, хатмкунандагони он имрӯз дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ фаъолият доранд. Аз Шумо, насли ҷавон, умед дорем, ки бо азму талош ва донишандӯзӣ ба сафи муваффақон ҳамроҳ мегардед.
Баъдан мушовири ректор оид ба низоми кредитии таҳсилот ва аккредитатсияҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. профессор Тошматов М.Н. суханронӣ намуда, доир ба хусусиятҳои низоми кредитии таҳсилот баромад карда, таъкид дошт:
Низоми кредитӣ масъулияти ҳар як донишҷӯро дучанд месозад. Барои ба даст овардани холҳои рейтингӣ зарур аст, ки ҳар як супориши таълимӣ, кори мустақил ва корҳои илмӣ сари вақт иҷро карда шавад. Муваффақияти шумо на танҳо ифтихори худатон, балки ифтихори Донишгоҳ низ хоҳад буд.
Сипас Муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои идеологӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Шарифзода И.У. дар маърӯзаи худ ба масъалаҳои ахлоқиву тарбиявӣ ва одоби донишҷӯӣ таваҷҷуҳ намуда, чунин иброз дошт:
Донишҷӯ бояд намунаи фарҳанг ва одоб бошад. Риояи қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, истифодаи дурусти вақт ва омӯхтани донишҳои муосир аз шумо шахсиятҳои комил месозад. Аз ҳама муҳим, шумо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, ҳамеша аз хатари ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм худро ва атрофиёнро эмин доред. Ҳамчунин, мубориза бо коррупсия — вазифаи виҷдонии ҳар як шаҳрванди бедордил аст.
Ҳамзамон, дар суханрониҳои маърӯзачиён масъалаҳои пос доштани муқаддасоти миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз мавриди таъкид қарор гирифт. Ба донишҷӯён дастур дода шуд, ки дониши замонавиро ҷиддан аз худ намуда, ихтисоси интихобнамудаи худро бо садоқат ва меҳнатдӯстӣ омӯзанд, то дар оянда ба рушди иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошанд.
Мақсади баргузории ин вохӯрӣ пеш аз ҳама шинос намудани донишҷӯёни соли аввал бо низоми таълимӣ, тартибу қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва муҳити созандаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буд. Ин вохӯрӣ на танҳо ҷаласаи расмӣ, балки як дарси бузурги зиндагӣ гардид, ки ҳар як донишҷӯ дарк кард:
Донишгоҳ хонаи дувуми шумост. Азми шумо, донишандӯзии пайваста ва меҳнати софдилона — калиди муваффақият ва ояндаи дурахшони Шумо ва Ватани азизамон Тоҷикистон мебошад.

