Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон вохӯрии намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 200-нафар хатмкунандагони донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъулини вазорат ба иштирокчиён оид ба раванди даъвати ҳарбӣ, тартиби адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин имтиёзу шароитҳои муҳайёгардида барои хизматчиёни ҳарбӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намуданд. Зикр гардид, ки имрӯзҳо тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо техника ва лавозимоти муосири ҳарбӣ таъмин буда, ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар шароити кунунии ҷаҳони ноором ва печида, ҳар як ҷавони бонангу номусро зарур аст, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияту суботи кишвар ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият омода бошад.
Ба хатмкунандагон ёдовар гардиданд, ки ҳифзи Ватан қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб рафта, адои хизмати ҳарбӣ на танҳо вазифа, балки нишонаи садоқат, ҷавонмардӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Ҷавонон даъват карда шуданд, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Дар анҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён ва намояндагони Вазорати мудофиа суолу ҷавоб доир гардида, ба ҳамаи саволҳои хатмкунандагон посухҳои қонеъкунанда дода шуд.
Ин гуна вохӯриҳо дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва омодагии онҳо ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим доранд.

