ВАҲДАТИ МО ТОҶИКИСТОНРО МУНАВВАР КАРДААСТ

Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, ҳамдилию ҳамраъйӣ 27 сол мешавад, ки мардуми сарбаланди кишвар Рӯзи Ваҳдати миллиро зери сиёсати сулҳпарварона, хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳи болида истиқбол мегиранд.

Мусаллам аст, ки баробари ба Истиқлол расидани давлати тоҷикон қувваҳои бадхоҳу манфиатҷӯ бо кумаку дастгирии хоҷагони хориҷии худ ҷанги бародаркушро ба кишвари мо таҳмил карданд, ки сабаби кушта шудани зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони кишвар ва шикасти пойгоҳи иқтисодиву иҷтимоии кишвар гардид. Мавриде, ки аз истиқрори сулҳ сухан мекунем, саргаҳи он ба Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олӣ иртибот мегирад, ки моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардид ва дар ин лаҳзаҳои басо мушкил ва сарнавиштсоз сарварии кишвар ба дӯши Эмомалӣ Раҳмон, ки он замон 40 сол доштанд, гузошта шуд. Аз аввалин корҳоеро, ки ин сарвари ҷавон анҷом доданд, парчамро ба чашмони худ молида савганд ёд карданд, ки то охирин гурезаро ба кишвар барнагардонам ва мардумро ба сулҳу салоҳ наёварам, худро ором ҳис нахоҳам кард. Ба ин манзур, аз соли 1994 то соли 1997 тайи се солу се моҳ дар 21 нишаст фарзандони баномуси тоҷик масири баҳамоиро кашф намуданд, ки дар саргаҳи ин раванд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд.

Бо мақсади иҷрои беғаразона ва дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳои созанда Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Қаҳрамони ҷонфидо ва воқеан дилсӯзу ғамхори миллати сарбаланди тоҷик намунаи аз худ гузаштанҳоро нишон дода, ҳамаи ҷонибҳои ба сулҳи тоҷикон манфиатдорро гирди ҳам овард ва дар ниҳоят, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ба имзо расид.

Санаи таърихии Рӯзи ваҳдати миллӣ, барои халқи тоҷик бисёр муҳиму арзишманд аст, чунки маҳз ба шарофати он давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз хатари нобудшавӣ эмин монд ва миллати қариб пароканда шударо ба ҳам овард. Баъд аз низову кашмакашҳо ва ҷангҳои таҳмилии аввали солҳои навадуми қарни гузашта, боз қомат рост кардану ба пеш рафтан, барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилӣ ва ба чунин комёбиҳо, ки имрӯз насибамон ҳаст расидан, воқеан саодати бузург аст.

Андеша ва садоқати азалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар лаҳзаҳои душвор миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳад, дар қалбу дидаи мардум умед ба зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро барафрӯзад.

Марҳилаҳои созиши миллӣ дар таърихи Тоҷикистон ҳодисаи фаромӯшнашаванда маҳсуб ёфта,  дар ин марҳила, хосса нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши миллат беназир арзёбӣ гардидааст. Агар кӯшишу заҳматҳои доимии Пешвои миллатамон намебуд, на танҳо ба созиш ва ваҳдати миллӣ намерасидем, балки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амсоли кишвари ҳамсоя – Афғонистон ба майдони тохтутозҳои бемаънии худхоҳони дохиливу хориҷӣ табдил меёфт. Натиҷаи чунин ҷоннисориҳои беғаразона буд, ки  номи кишвари моро ҳамчун Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷикро дар симои Пешвояш чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Миллати Тоҷик мешиносанду эътироф кардаанд.

Баракати сулҳу ваҳдати миллӣ имкони воқеии рушдро дар ҳамаи арсаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ фароҳам овард. Дар фосилаи 27 соли ваҳдату оромӣ миллати Тоҷик аз пайи шукуфоӣ зина ба зина дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсӣ пешрафт мекунад. Суботи том дар кишвар барпо шуда, дастовардҳои такондиҳандае рӯзафзун садо медиҳанд. Ватан дар фазои истиқлоли комил гом мезанад. Акнун Душанбее, ки аз он садои тиру ба машом  бӯи хун меомад ва мардумон дар ваҳшату гурез қарор доштанд, ба яке амнтарин пойтахтҳои кишварҳои ҷаҳон, зебошаҳри гулпӯши муосир табдил ёфтааст. Имрӯз пойтахти тоҷикон ба ҳайси яке аз марказҳои тасмимгирӣ дар маъракаву ҳамоишҳои фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст, ки он аз баракати Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ маншаъ мегирад.

 Ин ҷоннисориҳои шабонарӯзии Қаҳрамони миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ замина муҳайё намуда, ҳадафҳои стратегии кишвар мушаххас гардиданд. Бо амалӣ намудани чор ҳадафи стратегии мамлакат, марҳила ба марҳила Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои рӯ ба тарақӣ мубадал гардониданд.

Ҳадафи якуми стратегӣ – Дастрасӣ ба истиқлоли энергетикӣ ва ноил шудан ба кишвари содиркунандаи барқ мебошад.

Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 57 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 22 миллиард киловатт – соат дар соли 2023 афзоиш дода шуд. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Ҳадафи дуюми стратегӣ – Раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани кишвар ҳамчун кишвари транзитӣ дар минтақа буд.

Солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёт низ бомаром рушд намуда, дар натиҷа мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардида истодаем. Бо ин мақсад, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин, Тоҷикистон – Чин – Покистон истифода хоҳанд шуд.

Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд.

Роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр), аз Варшез то гузаргоҳи Кулма – Қарасу (300 километр), Бохтар – Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус – Айвоҷ – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон (170 километр), Хуҷанд – Конибодом (57 километр), Хуҷанд – Ашт (122 километр) ва Балҷувон – Сари Хосор (58 километр) аз ҷумлаи ҳамин лоиҳаҳо мебошанд.

Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳоло лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод ба маблағи 3,3 миллиард сомонӣ ва бунёди пули калонтарин дар мамлакат бо дарозии 920 метр ба маблағи 625 миллион сомонӣ дар водии Рашт амалӣ шуда истодаанд.

Инчунин, татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои Бекобод – Деҳмой, Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз ва Конибодом – Кучкак (52 километр) 635 миллион сомонӣ дар вилояти Суғд, Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара (69 километр) 672 миллион сомонӣ, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт (59 километр) 740 миллион сомонӣ дар вилояти Хатлон идома дорад.

Ҳамзамон бо ин, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ, сохтмони ду пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунд ва Шорфдара, 4,5 километр роҳ ва долонҳои зидди тарма (550 метр) ба маблағи 342 миллион сомонӣ идома дорад.

Бунёди роҳҳои Гулистон – Кӯлоб (35 километр) 745 миллион сомонӣ, Данғара – Гулистон (49 километр) 1 миллиарду 314 миллион сомонӣ, Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ (137 километр – марҳалаи якум) 449 миллион сомонӣ ва марҳалаҳои боқимонда ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ дар давраи оғозшавӣ қарор дорад.

Дар 7 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар пойтахти мамлакат 82 километр роҳҳо ба маблағи 2 миллиарду 235 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шуданд.

Дар се соли оянда дар шаҳри Душанбе 40 километр роҳҳои мошингард бо 7 эстакада бо арзиши умумии зиёда аз 3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Танҳо дар соли 2023 дар пойтахти мамлакат 16 километр роҳҳои мошингард бо арзиши 700 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза гирифта, танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ба маблағи зиёда аз 300 миллион сомонӣ қариб 1000 километр роҳҳои маҳаллӣ таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 41 пул ба анҷом расидааст.

Тасмим гирифта шудааст, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкарда дар панҷ – шаш соли оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гарданд. Яъне бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафи стратегиамон – ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил шуда, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии халқамонро таъмин намоем.

Ҳадафи сеюми стратегӣ – Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои солим ба ҳисоб меравад.

Дар ин самт вобаста ба ин ҳадаф, бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлолият, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992–1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд.

Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра саршумори чорвои калони шохдор 2 баробар (ҳоло шумораи он ба 2,6 миллион сар расидааст), чорвои майда 2 баробар (6,6 миллион сар) ва паранда 1,9 баробар (12,2 миллион сар) зиёд шудааст.

Воридоти гӯшт аз хориҷи кишвар сол ба сол кам гардида, аз 10,7 ҳазор тонна дар соли 2014 ба 144 тонна дар соли 2023 коҳиш ёфтааст.Воридоти шир ниҳоят кам ба қайд гирифта шудааст. Яъне ҳоло талаботи аҳолии мамлакат бо гӯшту шир пурра аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин шуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки дар замони шуравӣ ҳар сол ба ҷумҳурӣ 160 ҳазор тонна гӯшт ва 170 ҳазор тонна картошка ворид мегардид.

Соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 2,5 баробар зиёд мебошад.

Истеҳсоли картошка (122 фоизи талабот), сабзавот (174 фоиз), пиёз (527 фоиз), сабзӣ (360 фоиз), полезӣ (312 фоиз), гӯшту шир (100 – фоизӣ) барзиёд аз меъёри истеъмолӣ таъмин гардидааст.

Яъне имрӯз кишвари мо бо ин намудҳои маҳсулоти озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ пурра таъмин мебошад.

Солҳои охир дастгирӣ ва имтиёзҳои барои рушди соҳаи кишоварзӣ пешниҳодгардида натиҷаҳои мусбат дода истодаанд: дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1,6 баробар зиёд гардидааст.

Танҳо дар асоси татбиқи имтиёз дар соҳаи парандапарварӣ дар ин давра шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 3,3 баробар ва ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа 5 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар натиҷа дар замони истиқлолият маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст.

Ҳадафи чоруми стратегӣ Саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини шуғли пурмаҳсул.

Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.

Аммо бо вуҷуди имтиёзу сабукиҳои зиёди пешниҳодгардида имконияту иқтидорҳои истифоданашуда барои боз ҳам тезонидани суръати саноатикунонӣ ҳанӯз зиёданд.

Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод гардида буд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.

Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад. Ҷиҳати амалисозии ин иқдом тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст.

Рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан, амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати кишвар тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд.

Месазад, ки миллати тамаддунофару бузургвори тоҷик ҷиҳати боз ҳам устувор намудани амнияти миллӣ, рушду нумуъ додани иқтисодиёту иҷтимоиёт ва таъмини сулҳу субот дар кишвари азизамон ҳама аз як гиребон сар бароварда, камари ҳиммат бандем, бо Пешвои муаззами миллат ифтихор кунем ва тамоми ташаббусу корҳояшро дастгирӣ намоем.

Маҳз ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ тавонист, ки тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад, барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ ва навини тоҷикон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва ҷаҳонишавӣ замина фароҳам созад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон шароите фароҳам овард, ки истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободии кишвар ва ояндаи неки давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Бузургдошти Рӯзи ваҳдати миллӣ ба таври дигар худ бузургдошти истиқлолият маҳсуб меёбад.

Зеро маҳз ваҳдати миллӣ тавонист миллати тоҷик, забони тоҷикӣ ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонад.

Ваҳдати мо Тоҷикистонро мунаввар кардааст,

Нури ваҳдат тоҷиконро тоҷ бар сар кардааст.

Таҷрибаи бадастовардаи сулҳи тоҷиконро имрӯз дар миқёси ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи нодир дар ҷодаи сулҳофарӣ маънидод карда, пайваста мавриди омӯзишу таҳқиқ ва васфу ситоиш қарор медиҳанд, ки ҳар як фарди бедордилу соҳибватанро огоҳ мекунад, дар пойдору устувор нигоҳ доштани ин фазои орому осуда бояд, ки камари ҳиммат бандад.

Тибқи иттилои мавҷуда то имрӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 190 кишвари олам шинохта, беш аз 170 кишвар бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доранд. Намояндагиҳои дипломатии наздики 50 давлат дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Тоҷикистон узви беш аз 55 созмони байналмилаливу минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

Дар фароварди ин гуфтаҳо мехоҳем қайд намоем, ки ҳамаи мо сокинону шаҳрвандони ин кишвари азизу маҳбубамон ҷиҳати пойдории сулҳу субот аз як гиребон сар бароварда, барои тарғиби ваҳдати миллӣ, тақвияти маърифати сиёсӣ, ҳифзи марзу бум ва таҳкими истиқлоли миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монем, бо роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва соатҳои хониши сиёсӣ аҳамияти ғояи ваҳдати миллиро ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеа ба сокинону шаҳрвандонамон ба таври возеҳ фаҳмонем, ки бояд ҳар фарди бонангу номуси миллат бо бардоштани сабақи таърихӣ аз ҳодисоти гузаштаи халқамон шукронаи сулҳу суботи сарзамини аҷдодиямонро ба ҷо оварда, ба қадри ин неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасад ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми софдилонаву содиқонаи худро бигузорад.

Ректори ДТТ,

Раҳмонзода Зоир Файзалӣ

Leave a Reply