Дар паратви иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саноатикунони босуръати кишвар ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат, инчунин дар ин замина баланд бардоштани сатҳи тахассуси устодону донишҷӯён, санаи 6 майи соли 2024 дар Донишгоҳи технололгии Тоҷикистон ҷаласаи якуми лоиҳаи Барномаи Эрасмус+ Иттиҳоди Аврупо “OFINU – Донишгоҳи Кушоди Инноватсияҳо дар Озуқаворӣ” дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа, меҳмонон аз Донишгоҳи илмҳои ҳаётӣ ва технологияҳо Латвия (LBTU), Донишгоҳи аграрии Словакия дар шаҳри Нитра, Донишкадаи кишоварзӣ ва агротехнологияи Андиҷон, Донишкадаи агроинноватсия ва тадқиқоти шаҳри Самарқанд, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Тибқи расмиёт, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ меҳмононро пазируфта, хайру мақдам гуфта, бо сохтори донишгоҳ, дастовардҳои илмӣ-таълимӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаву лоиҳаҳои инноватсионӣ ба таври мухтасар шинос намуд.
Тавзеҳ дода шуд, ки имрӯз дар донишгоҳ зиёда аз 400 нафар устодони соҳибтахассус фаъолияти дошта, дар 8 факултет ва 20 кафедра мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат аз рўйи 43 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз рўйи 36 ихтисос дар зинаи магистратура ва аз рўйи 8 самти илмӣ докторантура аз рўи ихтисос PhD мутахассис тайёр мекунад. Зикр гардид, ки барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар донишгоҳ Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ду самти техникӣ (саноати хӯрокворӣ ва сабук) амал мекунад.
Ҳамоҳангсозӣ лоиҳаи мазкур Ирина Кулитане аз Донишгоҳи илмҳои ҳаётӣ ва технологияҳои Латвия (LBTU), иброз намуд, ки ҳадафи лоиҳа – таҳия ва татбиқи як шакли нави таълим дар донишгоҳҳои аъзои консорсиум аз Осиёи Марказӣ мебошад. Раванди омӯзиш дар он ба шакли модулӣ сурат мегирад, ки якҷоя бо донишҷӯён ва таълимгирандагони беруна – шахсоне, ки мақсади гирифтани донишҳои касбиро оид ба коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ ва ё таҳсилоти олиро доранд, фаро мегирад.
Бо ин мақсад, заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ мукаммал гардонида шудаанд. Модулҳо ва маводҳои таълимӣ таҳия гардида, ҳайати омӯзгорони муайян ҷиҳати тадриси ин шакли таълим, омода карда мешаванд.
Дар интиҳои мулоқот зикр гардид, ки амалишавии ин лоиҳа ба Донишгоҳҳои ҳамшарик аз Осиёи Марказӣ, имконияти нави ба роҳ мондану тайёр намудани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнатро дар самти саноати хурокворӣ фароҳам меоварад.






