Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ зимни сафари хизматии худ ба Донишгоҳи Неапол ба номи Федерикои II-и Ҷумҳурии Италия дар доираи амалигардонии лоиҳаи “CirculEс – Таҳияи барномаи таълимӣ ва модулҳои инноватсионӣ дар иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор” дар як қатор чорабиниҳои лоиҳавӣ ширкат намуда, бо донишгоҳи номбурда шартномаи ҳамкории бисёрсамта ба имзо расониданд.
Мақсади асосии сафар ширкат намудан дар вохӯрии ҳайати роҳбарикунанда ва тренингҳои навбатии лоиҳаи номбурда, ки тайи рӯзҳои 10-15 марти соли 2025 дар Донишгоҳи Неапол ба номи Федерикои II-и Италия баргузор гардид, ба шумор меравад.
Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳаи мазкур ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъалаҳои истифодабарии самараноки захираҳои табиӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккул ва рушди иқтисоди сабз, зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо ҳамрадиф буда, натиҷагирӣ аз он тариқи ворид намудани технологияҳо, муносибатҳо ва усулҳои нави таълим дар системаи таҳсилоти олии касбӣ ба амал бароварда мешавад.
Зимни сафари хизматӣ ректори донишгоҳ дар баробари ширкат намудан дар вохӯриҳо ва чорабиниҳои банақшагирифташуда, инчунин бо ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳҳои шарики лоиҳа ва шароити фарогири раванди таълим шинос гардиданд.
Донишгоҳи Федерико II дар Неапол яке аз қадимтарин донишгоҳҳои Италия ва Аврупо ба шумор меравад, ки дар соли 1224 аз ҷониби император Фридрих II ташкил ёфтааст ва таърихи зиёда аз 800 сола дорад. Донишгоҳи мазкур аз бузургтарин университетҳои Италия буда, дар рушди илм ва маорифи ин кишвар нуфуз ва мавқеъи хеле калон дорад. Айни замон донишгоҳ дорои 13 факултет мебошад, ки соҳаҳои гуногуни илмро, аз ҷумла санъат, илмҳои гуманитарӣ, илмҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқ, тиб ва илмҳои муҳандисиро дарбар гирифта, дар он зиёда аз 3500 нафар устодону профессорон ва тақрибан 80 000 донишҷӯ фаъолият ва таҳсил мекунанд. Донишгоҳ ҳамкориҳои васеъ бо муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои тадқиқотии тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва кишварҳои дигар дорад.
Зимни баргузории вохӯриҳо бо ҳайати академии ин донишгоҳ муҳокима ва таҳияи вариантҳои ибтидоии модулҳои таълимӣ дар асоси таҷрибаи беҳтарини донишгоҳҳои аврупоӣ сурат гирифт.
Модулҳои таълимӣ бо назардошти баланд бардоштани иқтидори таълимии мактабҳои олӣ ва фаҳмиши принсипҳои иқтисоди даврӣ дар байни донишҷӯён барои эҷоди экосистемаи ояндаи устувор, таҳия намудани модели иқтисоди даврӣ тавассути ба роҳ мондани коркарди самараноки партовҳо ва мусоидат ба истифодаи такрорӣ ва коркарди захираҳо, мусаллаҳ кардани донишҷӯён бо дониш ва фаҳмишҳои нав оид ба ин принсипҳо барои татбиқи таҷрибаҳои иқтисоди даврӣ ва моделҳои устувори тиҷорӣ дар фаъолияти ояндаашон, таҳия хоҳанд шуд.
Дар рафти сафари хизматӣ Раҳмонзода З.Ф. бо таҷрибаи муваффақи ин донишгоҳ оид ба ҷалб намудани донишҷӯёну омӯзгорон ба таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои гуногуни инноватсионӣ, стартапҳо, бизнес идеяҳо ва роҳҳои дастгирии онҳо низ шинос гардиданд.
Омӯхтан ва ба роҳ мондан таҷрибаи пешқадами ин донишгоҳ имконият медиҳад, ки пайгирона татбиқи шаклҳои нави ташкили кор бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо корҳонаҳои ватанӣ сатҳи касбияти мутахассисон сифатан баланд бардошта шавад.
Дар ҳамин маврид, бо истифода аз имконияти бадастомада ректори донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. бо намояндаи ректори ин донишгоҳ оид ба фаъолияти таълимӣ профессор Francesco Palumbo вохӯрии расмӣ баргузор намуда, зимни он масъалаи ҳамкориҳои бисёрсамта оид ба рушди муносибатҳои академӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, инноватсионӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро мавриди баррасӣ қарор доданд ва шартномаи ҳамкории дуҷонибаро ба имзо расониданд.