Санаи 20-уми марти соли ҷорӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шералӣ Кабир, вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Завқизода Завқӣ Амин, муовинони вазир, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарону кормандони зерсохторҳои он чорабинии идона бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии мазкур ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён ҳамчун зерсохтори вазорат дар баробари дигар зерсохторҳои он фаъолона иштирок намуда, хонҳои наврӯзӣ, дастовардҳои илмӣ, истеҳсолӣ, тарроҳии муосир дар бахши либоси миллӣ, ихтирооти инноватсионӣ ва медалу ифтихорномаҳои варзишии хешро ба намоиш гузоштанд.
Нахуст вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шералӣ Кабир чорабинии ҷашниро ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорон ва меҳмононро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯзи аҷам табрику таҳният намуда, ба ҳамаи иштирокчиён тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, муваффақияту сарбаландӣ, хушиҳои рӯзгорро ва беҳтарин ҳаводиси зиндагиро орзу намуд.
Мавсуф афзуд, ки воқеан, бостоншиносону таърихдонон бо далелҳои қотеи илмӣ собит намудаанд, ки Наврӯз умри беш аз 6-ҳазорсола дошта, ҷашни оғози баҳору эҳёи табиат, кишту кори деҳқонию мавсими кори чорводорон, ҷашни на танҳо инсон, балки ҳама мавҷудоти олам низ мебошад. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон иброз доштанд: “Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти бадастовардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад”.
Мардум бо дилу нияти пок ва шукргузорӣ аз давлати ободу озоди худ содиқона заҳмат кашида, баҳри ободию шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат мебандад.
Номбурда афзуд, ки соҳаи саноат яке аз самтҳои стратегии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои корӣ нишондиҳандаҳои бартарро тайи солиёни ахир соҳиб гардидааст. Бо ин нигоҳ накарда, бояд ҳар нафаре аз кормандони ин самт барои расидан ба ҳадафҳои гузошташудаи Ҳукумати малакат ҷиҳати расидан ба зиндагии шоиста тамоми имконият ва неруи зеҳнии худро сафарбар намоем.
Ҳамчунин вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Завқизода Завқӣ Амин ҳозиронро ба ин ҷашни бузурги аҷдодӣ шодбош гуфта, зикр кард, ки дар замони истиқлол бо кушишҳои пайвасти Пешвои муаззами миллат ҷашну маросимҳои аҷдодӣ, ки муҳраи асосии ҳуввияти миллиро ташкил медиҳанд, дубора эҳё гардида, иддае аз онҳо мақоми байналмилалӣ касб намуданд.
Дар идомаи чорабании идона баҳри болидахотирӣ ва тафреҳи меҳмонону иштирокдорон аз ҷониби дастаҳои ҳунарии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҳунармандони ҳирфавии кишвар барномаи ҷолиби фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаш карда шуд.
ДТТ,20.03.2025