ТАҲСИЛ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН – БУНЁДИ ОЯНДАИ МУВАФФАҚ

Дар доираи чорабиниҳои тарғиботӣ вохӯрии муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Ғафоров Ф.М. бо хатмкунандагони Литсей инноватсионии Душанбеи назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ имкониятҳои таълимӣ, шароити муосири таҳсил ва самтҳои афзалиятноки омодасозии мутахассисон муаррифӣ гардида, ба хатмкунандагон оид ба интихоби дурусти ихтисос ва идомаи таҳсил дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод шуд.
Қайд гардид, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки соли 1990 таъсис ёфтааст ва имрӯз яке аз муассисаҳои пешқадами таҳсилоти олии кишвар ба ҳисоб рафта, дар тӯли фаъолият зиёда аз 20 000 нафар мутахассисони рақобатпазир омода намудааст. Донишгоҳ дорои пойгоҳи муосири моддию техникӣ, синфхонаҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳои тахассусӣ, марказҳои сертификатсионӣ, Академияи маҳаллии Cisco ва ҳамкориҳои зич бо корхонаҳои саноатӣ мебошад, ки донишҷӯёнро ба бозори меҳнат омода месозад.
Ҳамзамон, Донишгоҳ бо зиёда аз 140 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар доираи барномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ERASMUS+ ва WTIT, барои таҳсилу таҷрибаомӯзии донишҷӯён имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Таъсиси ихтисосҳои нави самтҳои зеҳни сунъӣ, истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи беҳавонавард, дастгоҳҳои зеҳнӣ, мошинҳо ва истеҳсолот, роботҳои саноатӣ ва комплексҳои робототехникӣ, инчунин фаъолияти марказҳои муштараки байналмилалӣ, озмунҳои инноватсионӣ ва маҳфилҳои илмӣ шаҳодати он аст, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои ҷавонон шароити мусоид ҷиҳати таҳсил, рушд ва бунёди ояндаи муваффақ фароҳам намудааст.

Leave a Reply