Санаи 27-уми феврали соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ ва профилактикӣ таҳти унвони «Солимии репродуктивӣ ва оқибатҳои никоҳи хешу таборӣ» бо иштироки намояндагони Муассисаи давлатии Беморхонаи шаҳрии №15 Подшоева Шаҳноза Қобилшоевна- мудири шуъбаи тибби машваратии ҷавонон, Назарова Фирӯза Шамсиддиновна-табиби амрози занона, Амирӣ Гулхумор- табиб, равоншинос, Мамадҷонова Раъно Комилҷоновна- табиб, ҳамшираи тиббӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар фазои ошкорбаёнӣ ва мубодилаи афкор сурат гирифта, ба масъалаҳои муҳими тандурустӣ, ҳифзи генофонди миллӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббию ҳуқуқии ҷавонон бахшида шуд.
Дар оғози семинар муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У. меҳмононро муаррифӣ намуда, таъкид кард, ки солимии репродуктивӣ на танҳо масъалаи тиббӣ, балки масъалаи иҷтимоӣ ва ахлоқӣ низ мебошад. Ӯ зикр намуд, ки, ҷавонон бояд дар интихоби ҳамсар бо дарки масъулияти баланд муносибат намоянд, зеро саломатии насли оянда аз фарҳанг ва маърифати имрӯзаи мо вобаста аст. Пешгирии никоҳи хешутаборӣ яке аз роҳҳои муҳими ҳифзи солимии ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон қайд гардид, ки донишгоҳ ҳамчун муҳити тарбияи кадрҳои ояндасоз, вазифадор аст, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббию ҳуқуқии донишҷӯён саҳмгузор бошад.
Сипас, мутахассиси бемориҳои амрози занона Назарова Фирӯза Шамсиддиновна доир ба моҳияти солимии репродуктивӣ, омилҳои таъсиррасон ва роҳҳои пешгирии бемориҳо суханронӣ намуд. Ӯ иброз дошт, ки солимии репродуктивӣ маънои доштани имконият ва шароити мусоид барои таваллуди фарзанди солимро дар бар мегирад. Ба гуфтаи ӯ огоҳӣ ва машварати пеш аз издивоҷ, ташхиси тиббӣ, риояи тарзи ҳаёти солим ва масъулияти муштараки зану мард аз омилҳои калидии таъмини насли солим мебошанд.
Ҳамчунин масъалаи баробарҳуқуқии зану мард дар қабули қарорҳои марбут ба солимии репродуктивӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар идома, мудири шуъбаи беморхонаи мазкур Подшоева Шаҳноза Қобилшоевна доир ба оқибатҳои манфии никоҳи хешутаборӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ӯ бо такя ба далелҳои илмӣ таъкид кард, ки чунин никоҳ метавонад боиси зиёдшавии бемориҳои ирсӣ, нуқсонҳои модарзодӣ ва дигар мушкилоти саломатӣ гардад.
Гарчанде никоҳи хешутаборӣ дар баъзе муҳитҳо анъанавӣ шуморида мешавад, вале илми муосир собит месозад, ки эҳтимоли бемориҳои генетикӣ дар чунин ҳолатҳо бештар мегардад. Пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо, пеш аз ҳама, ба манфиати худи оила ва ҷомеа мебошад, – афзуд номбурда.
Ҳамчунин, психологи беморхона -Амирӣ Гулхумор мавзӯъро аз дидгоҳи равонӣ шарҳ дода, иброз дошт, ки омодагии равонӣ ба зиндагии оилавӣ яке аз шартҳои асосии суботи оила мебошад. Ӯ таъкид намуда қайд кард, ки бисёре аз мушкилоти равонӣ дар байни ҷавонон аз надоштани маълумоти кофӣ, фишори иҷтимоӣ ва набудани машварати касбӣ сар мезанад. Мо омодаем, ки ба ҷавонон дар ҳалли мушкилоти равонӣ ва барқарор намудани тавозуни равонӣ кумак расонем.
Ба гуфтаи ӯ, машваратҳои пешазникоҳӣ ва дастгирии психологӣ метавонанд сатҳи ихтилофҳои оилавиро коҳиш дода, муҳити солими равониро фароҳам оваранд.
Дар ҷараёни семинар донишҷӯён низ фаъолона иштирок намуда, ба суолҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд. Мутахассисон тавсия доданд, ки ҷавонон пеш аз ақди никоҳ аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузашта, дар мавриди масъалаҳои генетикӣ ва равонӣ машварати зарурӣ гиранд.
Қлбили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббӣ, ҳуқуқӣ ва равонии ҷавонон аҳамияти муҳим дорад. Мақсади асосии семинар ҷиҳати ҳифзи солимии репродуктивӣ, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, коҳиш додани хатари бемориҳои ирсӣ ва дар маҷмӯъ, солим нигоҳ доштани генофонди миллат мебошад. Зеро ҷомеаи солим аз оилаи солим сарчашма мегирад ва оилаи солим бар пояи дониш, масъулият ва фарҳанги баланд бунёд мегардад.

