Семинари илмӣ-инноватсионӣ дар мавзӯи “иқтисоди рақамӣ ва имкониятҳои рушди он дар ҷумҳурии тоҷикистон”

“Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад, бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақмӣ сафарбар намояд.”

Эмомалӣ Раҳмон

Мусаллам аст, ки рақамисозии иқтисодиёт ба коҳиш ёфтани масрафи моддии истеҳсолот, кам шудани арзиши аслии маҳсулот дар натиҷаи истифодаи технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ оварда мерасонад. Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар истеҳсолот, як қисми супоришҳои кории кормандон ва бисёр амалҳои муқаррарӣ ба мошинҳо, роботҳо, зеҳни сунъӣ дода мешаванд, ки даромади иловагии соҳибкорӣ ба даст меоранд.

Дар ин замина, дар кафедраи система ва технологияҳои иттилоотии факултети технологияҳои иттилоотӣ ва интеллекти сунъии Донишгоҳ семинари илмӣ-инноватсионӣ дар мавзӯи “Иқтисоди рақамӣ ва имкониятҳои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Зимни баромади худ муовини ректор Ғафоров Ф.М. иброз намуд, ки Иқтисоди рақамӣ як системаи иқтисодӣ мебошад, ки дар он технологияҳои рақамӣ ва инноватсия дар истеҳсол, тақсим ва истеъмоли молҳо ва хидматҳо нақши калидӣ доранд. Он истифодаи интернет, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК), инчунин платформаҳои нави рақамиро, ки мубодилаи маълумот, автоматикунонии равандҳо ва табдилдиҳии моделҳои анъанавии тиҷоратро суръат мебахшанд, дар бар мегирад. Мавсуф қайд намуд, ки дар мамлакат раванди рақамикунонӣ бо маром идома дорад ва ҳоло дар ҷумҳурӣ алакай заминаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати ташаккул ва рушди иқтисоди рақамӣ мавҷуданд, аз ҷумла: Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №642) ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025. Дар ин раванд, аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.

Ҳамзамон, дар кори семинар тибқи нақшаи барнома омӯзгорон: и.в. дотсент Алиқулов А.Р., и.в. дотсент Абдуллоев У.Х., и.в. дотсент Насруллоева Д.Ҳ. ва декани факултети технологияҳои иттилоотӣ ва интеллекти сунъӣ дотсент Нусратзода М.Н. вобаста ба мавзӯи пешниҳодгардида баромад намуданд.

Дар баробари ин, донишҷӯёни фаъоли факултет: курсҳои 3-юми ихтисоси 1-40010103 – системаҳои компютерии бонкӣ Каримзода Меҳроҷ, Саидов Алиҷон, Парпишоева Мастона, Одинаев Раҷабалӣ, Ҷураев Рамазон Алишерович ва донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-08010107(01) Тургинов Абубакр бо маърӯзаҳои худ низ баромад намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки мавзӯи баромади иштирокчиёни семинар бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифт.

Leave a Reply