Дар асоси нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва духтарони Донишгоҳ семинари омӯзиши таҳти унвони “Зан зевари ҳаёт” баргузор гардид. Дар семинари номбурда муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У, муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Яминзода З.А., сардори идораи ташкилию тарбиявӣ Бобизода Г.Ш. ва занону донишҷӯдухтарони фаъол ширкат варзиданд.
Зимни суханронии худ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У. занон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳро ба муносибати Рӯзи модар муборак бод гуфта, тазаккур дод, ки зан бо зиндагӣ созгор шуд ва васлро дар муқобили фасл ба майдони талошҳо ва гирудороҳо овард. Васле, ки аз асл реша мегирад, инсонсоз ва ҳуввиятшинос аст ва он, қабл аз ҳама ба фитрат, фикрат, малоҳат, муҳаббат, латофат, самимият, шарофат, наҷобат, балоғат, фазилат, матонат, ҷасорат ва инсонияти зан бастагӣ дорад, Сифати мазкур, ки ҳар як дар мавқеъ ва ҷойи худ чида шудаанд, дар маҷмӯъ комплекси ҳаста ё ядрои зиндагӣ – Занро таҷассум мекунад. Ба ин маънӣ:
Зиндагӣ занрову зан ин зиндагиро созгор,
Бе вуҷуди зан надорад зиндагонӣ эътибор.
Ҳамачунин, муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Яминзода З.А. ҳамаи бонувону омӯзгорзан ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳро ба ин рӯзи фархунда яъне Рӯзи модар табрику таҳнията намуда, дар корҳои минбаъдаи онҳо комёбиву муваффақият таманно намуд.
Дар идома Раҷабова Зиёдамоҳ ва Қурбонова Гавҳар дар бораи ҷойгоҳи занону модарон суханронӣ намуданд.