САҲМИ ЗАН МОДАР ДАР АМАЛИГАРДОНИИ ҚОНУНҲОИ АМАЛКУНАНДА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 15.10.2025 бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳ миёни донишҷӯдухтарони факултети техналогия ва дизайн ҷаласа вобаста ба Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», “Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 баргузор намуд, ки дар ҷаласаи мазкур сардори идораи корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Бобизода Г.Ш., мудири шуъбаи кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Баҳронова Х.А., раиси занони факултети технология ва дизайн Эгамова Дилафрӯз, омӯзгорон ва зиёда аз 100 нафар донишҷӯдухтар иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси занони факултети мазкур Эгамова Дилафрӯз кушода эълон намуда, масъулинро ба донишҷӯён муаррифӣ карда, ҳузурашонро ба факултет хайрамақдам гуфт.
Сипас, сардори идораи корҳои тарбиявӣ ва идеологи Бобизода Г.Ш. ба донишҷӯён бобати Қонунҳои амалкунанда ва танзимкунандаи давлату ҷомеа сухан намуда, мафҳуму муҳтавои онҳоро ба донишҷӯён шарҳ дода, зикр кард. Ҳозирини гиромӣ, донишҷӯдухтарони азиз! Қонунҳои амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар зиндагии занону духтарон ин калиди асоси ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мо мебошад. Қонун сутуни асосии давлатдорӣ ва нишонаи тартибу адолат аст. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки қонунҳои амалкунандаро эҳтиром намояд ва онро риоя кунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо амал мекунанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва хосатан занону бонувон, таҳкими низоми иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Аз ҷумла:
Консититутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади олии ҳуқуқӣ, ки асоси тамоми қонунҳо ва меъёрҳои давлат аст. Он ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро кафолат медиҳад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” – барои пешгирии исрофкорӣ, нигоҳ доштани одобу суннатҳои миллӣ ва таъмини баробарии иҷтимоӣ қабул шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” – барои баланд бардоштани масъулияти ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд равона гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” – барои ҳифзи ҳуқуқи занон ва таъмини амнияти онҳо дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. .
Риояи қонун маънои доштани эҳсоси масъулият, маданияти ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба дигаронро доро мебошад. Боиси тазаккур аст, ки донишҷӯдухтарони Донишгоҳ пешсафони риояи қонунҳо ва намунаи шаҳрвандони қонунсолор мебошанд.
Инчунини мудири шуъбаи кор бо занон ва духтарони Донишгоҳ Баҳронова Х.А. бо донишҷӯдухтарон доир ба одобу эҳтироми калонсолону хурдсолон, рафтори намунавӣ, бабар намудани либосҳои тавсияви дар Донишгоҳ пешбинишуда сӯҳбат намуда, чунин ибрози ақида намуд.
Одоб ва эҳтиром оинаи ҳар як шахс аст. Ин хислатҳо нишон медиҳанд, ки то чӣ андоза шахс фарҳангӣ, ботарбият ва соҳибахлоқ мебошад. Махсусан, барои донишҷӯён, ки намояндаи насли донишманд ва соҳибмаърифатанд, риояи одобу эҳтиром аҳамияти бузург дорад. Бояд қайд намуд, ки эҳтироми калонсолон, омӯзгорону устодон яке аз рукнҳои асосии ахлоқи миллӣ ва динӣ мебошад. Дар фарҳанги тоҷик, калонсолон — падару модарон, устодон ва пиронсолон — чун чароғи ҳаёт эҳтиром мешаванд. Донишҷӯ бояд ҳамеша бо сухани нарм, рафтори шоиста ва амалҳои дуруст ба калонсолон эҳтиром гузорад. Ба ҷой овардани як салом, кӯмак дар ҳолатҳои зарурӣ ва гӯш додан ба маслиҳати калонсолон нишонаи фарҳанги воло мебошад. Шумо донишҷӯдухтарон бояд дар ёд дошта бошед, ки одоб сарвати бебаҳост. Шахсе, ки бо тарбия ва одоби намунавӣ дорад дар ҷомеа мавқеи баланд пайдо мекунад ва дигарон ҳамеша ӯро бо эҳтиром ёд мекунанд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки либос на танҳо василаи зоҳирии инсон аст, балки нишондиҳандаи маданият, ҳурмат ба муҳит ва тарбияи шахсӣ мебошад. Барои донишҷӯ, ки намояндаи насли соҳибмаърифат ва намунаи ахлоқии ҷомеа аст, тарзи либоспӯшӣ аҳаммияти вижа дорад. Тибқи талаботи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз донишҷӯён хоҳиш карда мешавад, ки либоси тавсиявӣ ва одобмандона ба бар намоянд. Ин либос бояд бо фарҳанги миллӣ, суннатҳои миллии тоҷикона ва муҳити таълим мувофиқат дошта бошад. Ҳадафи асосӣ аз ин талабот — эҳтиром ба муҳити таълим, баланд бардоштани фарҳанги донишҷӯён ва ҳифзи симои зебои Донишгоҳ мебошад.
Дар фарҷом аз ҷониби бахши занон ба суолҳои донишҷӯдухтарон ҷавобҳои мушаххас гардонида шуда, онҳоро барои илм омӯхтан аз худ намудани касбу ҳунар ва иштирок дар чорабиниҳои ҷамъияти тавсия доданд.
Мақсад аз баргузории вохӯрии болозикр шарҳу тавзеҳоти Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», “Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 буда, ҳамзамон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯдухтарону бонувони Донишгоҳ мебошад. То ки онҳо зиндагии орому осуда, шоиста ва дар зери қонун зиндагӣ карданро омӯзанд, мебошад.