Рӯе, ки нагардад, зи касе, рӯи китоб аст

Санаи 4-уми сентябри соли равон тибқи нақшаи кории донишгоҳ бахшида ба 34-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи ҷаҳонии китоб мизи мудаввар таҳти унвони “Китоб- калиди дари дониш аст” бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У, саромӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Амирқулов Н., мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ Боқизода М, масъулини корҳои тарбиявӣ ва зиёда аз 70 нафар донишҷӯну омӯзгорон ширкат варзиданд.

Нишасти мизи мудавварро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У. ҳусни оғоз бахшида, дар мавзӯи китоб сарчашмаи илму дониш суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки ихтирои хатту  китоб бузургтарин таҳаввулоте дар таърихи тамадуни башар аст, ки гузаштагони мо онро дарк карда, ҳамеша пайи хирдварзиву аҳли қалам будан кушиш ба харҷ додаанд. Маҳз аҳли қаламу аҳли китоб будани ва онро арзиши баланди маънавӣ ҳисобидан онҳо будааст, ки миллати мо ба тамадуни ҷаҳонӣ ҳазорон донишмандону хирадзамиронро эҳдо намудааст, ки барои рушди башарият ва саҳлу сода гардонидани мушкилоти зистии он асарҳои безаволе офаридаанд.  Мавсуф қайд намуд, ки Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ба асли хирадпешагиву маънисолории бунёдӣ  роҳнамун кардани мардуми шарифи кишвар озмунҳоеро аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Беҳтарин донандаи таърих” ва ахиран баргузор намудани озмуни “Шоҳномахонӣ” ро дастур доданд, ки мо ба меҳвари илмсолории хеш баргардем. Ҳар қадар аҳли ҷомеа китобхону донишманд ва соҳибтафаккуру соҳибхирад бошад, ҳамон қадар пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам гардида, баданаи иҷтимоӣ қавӣ мегардад.

Сипас, номзади илмҳои филологӣ, саромӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Амирқулов Н., дар мавзӯи “Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест” маърӯза намуда, дар бораи муҳимияти китоб дар дарозои таърих ва моҳияти илми дониш суханронӣ намуда, иштирокчиёнро дар рӯҳияи хештаншиносӣ  даъват намуд.

Инчунин аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ Боқизода М,  дар мавзӯъи китобу китобхонӣ маърӯза ва шеърҳо қироат гардид.

Дар фарҷоми нишасти мизи мудаввар  муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У, иштирокчиёнро ба  рӯзи умумиҷаҳонии китоб ва ҷашни 34-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки  танҳо бо роҳи мутолиоти пайваста метавонанд шахсияти хешро созанд ва ба ҳадафҳои дури хеш ноил гарданд.