Рушди фардои дурахшон аст – паём

(Чанд андеша дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 декабри соли 2024)
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъе матраҳ шуд, ки тайи чанд соли ахир ҳолати буҳронӣ ва аз ҳампошӣ иқтисоди ҷаҳонӣ ба миён омадаааст. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёмро бо ёдрас кардани мушкилоти вазъи иқтисодии ҷаҳонӣ, оғоз намуданд. Пеш аз ҳама дар ин раванд вазъи бархурдҳои манофеи сиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, инчунин паёмадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон, яроқнокшавии боштоб ва халалёбии низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳоро ҳамчун воқеъияти вазъияти кунунии ҷаҳон бозтоб намуданд. Ҳарчанд душвориҳои зиёде дар муносиботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар панҷ соли охир, вобаста аз ҳаводиси болозикр дар кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд омаданд, аммо давлат ва Ҳукумати кишвари мо тавонистанд, самти тавсеаи рушд ва зиндагии шоистаи мардуми кишварро дар авлавияти сиёсати худ қарор дода, ҷиҳати ноил гардидан ба ин ҳадаф аз тамоми захираву имкониятҳо истифода намоянд. Ҳамин тавр Пешвои миллат, новобаста аз мушкилоти мавҷудаи сатҳи ҷаҳонӣ соли сипаригардидаро барои мардуми шарифи кишвар соли бобарор арзёбӣ намуданд.
Президенти муҳтарами кишвар дар давоми дуву ним соат ба тарзи ниҳодина, ҳар бахши ҳаёти иҷтимоиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Сарвари давлат дар Паём аз нигоҳи илмӣ ба таври дақиқ ва асоснок мақсаду маром ва тарзи амалигардонии нақшаҳои кори ниҳодҳои давлатиро ба миён гузоштанд.
Боиси тазаккур аст, ки Паём роҳҳои таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакатро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намуда, шароити амалӣ кардани онҳоро аз лиҳози мантиқӣ бо истинод ба усул ва роҳкорҳои таҷрибии иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бо назардошти хусусиятҳои сифатӣ ва миқдории макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ кардаанд.
Лозим ба таъкид аст, ки роҳ ва василаҳои таъмини рушди рӯзафзуни ҷумҳурӣ баъди ба даст омадани истиқлоли давлатӣ аз ҷиҳати назариявӣ, бидуни шакку шубҳа, маҳсули хиради ояндабини Пешвои муаззами миллат аст.
Дар Паёми хеш, Роҳбари давлат қайд карданд, ки соли сипаришуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,4 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфта, дар ин давра маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Сатҳи таваррум бошад, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дода дар панҷ соли охир 29 фоизро ташкил кард, ки андозаи маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардида, бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд. Бо мақсади идома додани ин раванд Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Дар идома, Президенти кишвар ба таври муфассал соҳоти иқтисодии кишвар, аз ҷумла кишоварзӣ, энергетика, саноат, роҳсозӣ мавриди баррасии амиқ дар даврони соҳибистиқлолӣ қарор гирифтанд.
Қобили зикр аст, яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди кишварҳои пешрафта ин рақамикунонии иқтисодиёт маҳсуб аст. Ин ҷиҳатро Пешвои миллат, дар Паёми хеш мавриди таҳлил қарор дода, самтҳои рушди онро барои панҷ соли оянда чунин муқаррар намуданд. Бо ин мақсад, ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуда, ба сохторҳои масъули самт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Мавриди омӯзиш ва андеша қарор додани суръати афзоиши аҳолии кишвар, таъмини ниёзҳои мардум, дар баробари ин, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ ва рушди таъмини иҷтимоии мамлакат аз мавзӯъҳои рӯзмарраи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд.
Ба воқеият табдил ёфтани нақшаҳои бузурге, ки Пешвои миллат дар бораи онҳо ҳарф заданд, бешубҳа, метавонад сатҳ ва сифати зиндагии мардуми Тоҷикистонро бакуллӣ тағйир диҳад ва обрӯи давлати моро дар сатҳи минтақаву ҷаҳон баланд бардорад.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки дар Паём ба он ишора шуд, ин давра ба давра беҳтар кардани вазъи зиндагии мардум ва батадриҷ бароварда кардани ниёзҳои аҳли ҷомеа, рушди соҳаҳои саноату хоҷагии қишлоқ тавассути афзудани истеҳсоли молу маводи ватанӣ, ҳамчунин кам кардани ҳаҷми воридот бо такя ба илму маориф ва нуруи зеҳниву татбиқи фанновариҳои навин буд.
Пешвои миллат ба масъалаи саноатикунонии мамлакат дар ин Паём низ эътибори махсус доданд. Таъмини рушди устувори иқтисодӣ, аз ҷумла сохтани корхонаҳои саноатӣ, бунёди шароити беҳтари инфрасохторӣ дар ин соҳаҳо аз вазифаҳои муҳими давлатӣ дониста шуд.
Аз Паёмҳои қаблӣ ҳамагон огоҳем, ки саноатикунонӣ дар чанд соли ахир ба стратегияи давлатӣ табдил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ба кишвари саноатӣ ё ба истилоҳ, индустриалӣ табдил додани кишвар аз кормандони сохторҳои давлатӣ, махсусан блоки иқтисодии Ҳукумат масъулият, касбият, фаросат, фазилат, донишу маҳорат ва ҳимматро тақозо мекунад. Дар зимн, силсилаи тадбирҳое, ки тайи чанд соли ахир дар самти сохтмони корхонаю иншоотҳои саноатӣ дар гўшаву канори ҷумҳурӣ анҷом мегиранд, ҳадафи стратегии давлатро, ки дар Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 инъикос ёфтааст, таҳаққуқ мебахшанд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст. Суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя мебошад.
Сарвари давлат рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии онро бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон ҳисобида, қайд намуданд, ки вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат илму маорифро пойдевори низоми давлатдории дунявӣ хонданд. Ба ин далел, тазаккур доданд, ки давлат ва миллат бидуни илму маориф ҳеҷ аст ва ҳузури фаъоли маорифчиёну зиёиён, ки муаррифгари давлат ва миллатанд, дар умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ амри бебаҳс аст. Бахусус авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, агар соли 1991 низоми маорифи кишвар дар 3229 муассисаи таҳсилоти умуми 1,3 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, ҳоло дар 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 300 ҳазор нафар расидааст. Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад. Дар идома ба таври муқоиса зикр гардид, ки агар дар соли 1991 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард, Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.
Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Дар ин замина таъкид карда шуд, ки ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад ва сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад.
Сарвари давлат ба он ишора фармуданд, ки раҳбарияти маорифи кишварро зарур аст, сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардорад. Ҷалби наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣ ва таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои табииию риёзӣ ки аз мушаххасоти давр ва ҷаҳони муосир аст, таъмин намоянд. Мушкилоти дар ин самт ҷойдошта, таҳлил гардид ва дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таҳсилотӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ супоришҳои мушаххас доданд,
Сарвари давлат зимни барраси масъалаҳои фарҳанг, ҷавонон ва бонувон аз боло бурдани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ инчунин эҳтиром гузоштан ба занону бонувонро таъкид варзиданд. Бахусус мушкилии падидаҳои номатлуб ва ғайриинсоние монанди бунёдгаройӣ (фундаменталитзм), ифротгаройӣ (экстремизм), тундгаройӣ (радикализм) ва натиҷатан, даҳшатафканӣ (терроризм)-и динӣ-мазҳабӣ фазои фарҳангӣ ва маънавии мамолики Шарқи мусулмониро фаро гирифта, роҳи бурунрафтро аз ҳар тараф бастаанд. Падидаҳои мазкур, ки зоидаи «табъу истеъдод»-и ҷаҳолатмаобони давранд, ҳамеша аз ҷониби қудратҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ шуда, вазъи куллиро дар манотиқи гуногуни шарқӣ, бавижа, шарқи мусулмонӣ ноҷур месозанд. Сухан сари ин аст, ки фарҳангҳои миллию бумӣ дар ҷараёни ташаннуҷи ифротгаройӣ ва тундгаройии динӣ таҳти хатари азим гирифтор шуда, дар садади нобудӣ қарор мегиранд.
Ҳамимн тавр, Сарвари давлат зимни ироаи сиёсати хориҷӣ дар Паём масъалаи манофеи миллиро ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рўзҳои нахустини давлатдории тоҷикӣ ҳадафи меҳварӣ маҳсуб меёфт, ба самъи ҳозирин расонида, дар ин замина, таъкид доштанд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю талошро баҳри ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ расонидани ҷумҳурӣ анҷом медиҳад ва дар ин кор саҳми мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр бузург хоҳад буд.
Ба ин тартиб, Сарвари давлат ҳадафи стратегии давлатро дар Паёми имсола мисли солҳои қаблӣ дар таъмин намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намуданд ки:
– аз 1-уми сентиябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;.
– аз 1-уми сентиябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;
– инчунин, аз 1-уми сентябри соли 2025 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.
Барои ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ, пеш аз ҳама, боло бурдани масъулияти хизматчиёни давлатӣ зарур аст ва ин нуктаро Сарвари давлат на як бору ду бор, балки дар ҳар як Паём сареҳан таъкид мекунад ва дар ин Паём ҳам, масъалаҳои масъулиятписандӣ, кордонӣ, ташкилотчигӣ, муоширати хуби корӣ, одоби сазовори хизматчии давлатӣ, расидагӣ ба мушкилоти мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мардумӣ, самаранокии мудирияти давлатӣ ва амсоли инҳо матраҳ гардид. Ногуфта намонад, ки тақвияти сармояи инсонӣ, даст ёфтан ба нишондодҳои зарурии макро ва микроиқтисодӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва миллӣ, рушди бемайлони илму маорифи ватанӣ, пайвастан ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ, дарёфти истеъдодҳои нодири миллӣ дар бахшҳои гуногуни илму маориф, бавижа, дар илмҳои табиӣ-риёзӣ ва амсоли инҳо самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳамин тариқ, дар Паём самтҳои ҳаётан муҳими рушди иқтисодӣ иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат мавриди таҳлилу арзёбии коршиносона қарор гирифт. Аз инҷост, ки Паёми Пешвои миллат дурнамои рушди давлатдории мост ва дар он нақшаҳои муҳимтарини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дақиқу аниқ муайян шудаанд. Шоиставу боиста аст, ки ин ҳуҷҷати раҳнамо ва тақдирсоз, ки бар мабнои тозатарин нишондодҳои илмию ихтисосӣ таҳияву коркард шудааст, ба унвони мадраки муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва маданӣ мавриди омӯзишу пажӯҳиши коршиносон ва ниҳодҳои илмиву пажӯҳишии кишвар қарор бигирад.
Исомиддин Шарифзода,
муовини ректори ДТТ оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ