РИОЯИ ТОЗАГӢ – ОМИЛИ САЛОМАТӢ

Рӯзи 28.11.2024 бо ибтикори Бахши ҳифзи меҳнат дар якҷоягӣ бо масъулони Хобгоҳи донишҷӯён бо мақсади таҳлили талаботҳои меъёрҳою қоидаҳои санитарӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ, ҳолати буду боши донишҷӯён дар хобгоҳ, боздид намуда, ҳамзамон нисбати огоҳонӣ ва риояи қоидаю меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои зидди сӯхтор бо кормандони ва донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматдошта, вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни баромаду суханрониҳо бо донишҷӯён оид ба вазифагузориҳо аз дастурамалҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ ҳангоми кор ва истеҳсолот, корбарӣ ҳангоми ҳолатҳои зидди сӯхтор дар утоқҳои хоб ва ошхона, риояи ҳатмии тозагӣ, ки омили асоси ҳифзи саломатӣ маҳсуб меёбад, аз ҷониби масъулон ҷиддӣ тавзеҳот баён гардида, ҷиҳати риояи бечунучарои самтҳои мазкур дастурҳои муфид дода шуд.

Leave a Reply