Санаи 28-уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ дар мавзеи Ҷамоати деҳоти Ҳасанободи ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” тибқи ҷадвали тақсимоти қитъаҳои замин ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, маъраки ниҳолшинонӣ баргузор гардид, Дар маъракаи мазкур якҷоя бо дигар кормандони зерсохторҳои ин вазоратхона иддае аз устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок варзиданд. Зимни маъраки ниҳолшинонӣ дар ҳудуди 1,5 га масоҳати муқарраргардида, бо баинобатгирии меъёрҳои агротехникӣ беш аз 1000 бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шуд.

