Раванди иҷрои “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Санаи 25-уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мавзеи Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ хоҷагии Ю.Раҷабов) ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” тибқи ҷадвали тақсимоти қитъаҳои замин ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе муқарраргардида, маъраки ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар маъракаи мазкур ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф., муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, устодону омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок варзиданд. Зимни маъраки ниҳолшинонӣ дар ҳудуди 1,2 га масоҳати муқарраргардида, бо баинобатгирии меъёрҳои агротехникӣ беш аз 1000 бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шуд.
Раёсати ДТТ, 25.02.2025