Имрӯз вохӯрии маҷозии муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ Ғафоров Ф.М. бо профессор Беата Кристал (Beata Christal) аз Донишгоҳи Ҳериот-Ватт (Heriot-Watt University) – яке аз донишгоҳҳои бонуфузи тадқиқотии Шотландия баргузор гардид. Зимнан Ғафоров Ф.М. иштирокдоронро аз номи ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. хайрамақдам гуфта, оид ба имкониятҳои Донишгоҳ маълумот дод. Ин мулоқот бо ҳузур ва ҳамоҳангии намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Комила Назирмадова ҷараён гирифта, ба баррасии имкониятҳои густариши ҳамкории дуҷониба миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳериот-Ватт бахшида шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳим – аз ҷумла омодасозии мутахассисони самтҳои техникию технологӣ, робототехника, зеҳни сунъӣ, густариши мубодилаи академии устодону донишҷӯён, роҳандозии лоиҳаҳои муштарак ва таҳқиқоти илмиро мавриди муҳокима қарор доданд. Ин ҳамкорӣ метавонад барои баланд бардоштани сатҳи касбии донишҷӯён ва ҳамоҳанг сохтани раванди таълим бо талаботи ҷаҳони муосир мусоидат кунад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳсилотӣ, рушди ташаббусҳои навоварона ва мусоидат ба таҳсили донишҷӯён дар Донишгоҳи Ҳериот-Ватт изҳор намуданд. Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чунин ҳамкориҳоро як қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва рушди иқтидори инсонӣ арзёбӣ менамояд.

