ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭҲЁГАРИ “ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР” -И КУРУШИ КАБИР

Дар ҳар давру замон шахсиятҳое ба арсаи таърих пой мениҳанд, ки аз рӯи кору пайкор, фаъолият ва саъю кӯшишашон нисбат ба нафарони дигар комилан тафовут мекунанд. Ва ин шахсиятҳо метавонанд бо талошҳои худ барои тақдири миллати худ нақши калидӣ дошта бошанд. Дар таърихи миллати тоҷик низ чунин нафарони таъсиргузор арзи ҳастӣ карданд, ки корҳои бузург ва мондагори онҳо ба эҳёи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик боис гардидаанд. Яке аз шахсиятҳои машҳури арсаи ҷаҳонии давраи атиқаи халқи тоҷик Куруши Кабир ба шумор меравад. Куруши бузург дар асрҳои 6-5 пеш аз милод ҳукматдорӣ карда, аввалин империяи ҷаҳониро бо номи Ҳахоманишиҳо таъсис додааст. Ӯ дар баробари оне ки нахустин империяро асос гузошт, инчунин аввалин Эъломияи ҳуқуқи башарро соли 539-и то милод дар зарфи силиндршакли аз гил сохташуда навишта кард, ки сарчашмаи пайдоиши ҳуқуқу озодиҳои инсон ва демократия ба шумор меравад.
Бостоншиносон соли 1879 ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ аз Бобул зарфи аз гил сохташударо пайдо намудан, ки бо шакли ҳандасавӣ ва навиштаҷоти номаълуми худ мавриди таваҷҷуҳи пажӯҳишгарон қарор мегирад. Пас аз таҳқиқу омўзиши хатшиносону бостоншиносон маълум мешавад, ки зарф ба асри VI то милод мансуб буда, катибаи он ба Куруши Кабир рабт дорад. Айни замон, ин бозёфт дар осорхонаи Британияи Кабир нигаҳдориӣ карда мешавад. Нусхаи он дар Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчун баёнгари ҳуқуқу озодиҳои инсон нигоҳ дошта мешавад. Аз ин бозёфти таърихӣ 100 нусха сохта шудааст, ки дар осорхонаҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба маърази намоиш гузошта шудааст. Барои мо тоҷикон боиси ифтихор мебошад, ки маҳз ниёгкони мо чунин равишу оини давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба мақоми инсонро роҳандозӣ намуда буданд. Бояд тазаккур дод, ки сохти давлатдории гузаштагони халқи тоқик, ки ҳанӯз 2500 сол муқаддам таъсис дода, будан ба низоми ҷомеаи муосири демократӣ хеле шабоҳат дорад. Ин ба он далолат мекунад, ки миллати тоҷик аз давраҳои қадим соҳиби фарҳангу тамаддуни бузурги дурнамосоз буд.
Дар урфият мегӯянд, ки “бузургонро бузургон зинда медоранд” Яке аз чунин шахсиятҳои зиндакунандаи таъриху тамаддун ва фарҳанг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ҳамасола дар Паёмҳои хеш солеро барои санаҳои муҳими таърихӣ, гиромидошти шахсиятҳи бузурги миллат ё барои рушду инкишофи кишвар созмон медиҳанд. Ба ин васила мо метавонем таърихи миллати худро барои ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Дар Паёми навбатии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ ва фарҳагӣ мавриди таваҷҷуҳи сарвари давлат қарор гирифта, дурнамо ва роҳҳои ҳалли масоили вуҷуддошта, баррасӣ гаштанд. Аз ҷумла таъкид гашт, ки гиромидошти таъриху фарҳанг, арҷ гузоштан ба шахсиятҳои таърихӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан, наврасону ҷавонон таъсири амиқ дорад. Бо ҳамин мақсад пешниҳоди таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба ЮНЕСКО амали саривақтист, зеро имрӯзҳо дар ҷаҳони пур аз тазодҳо азхудкунии фарҳангҳо, нестшавии тамаддунҳо бо суръат доман паҳн карда истодааст. Сарчашмаҳои таърихӣ маълумот медиҳад, ки дар ҳама давру замонҳо шахсиятҳое буданд, ки тавассути меҳнату ҷонфидоии худ, афкору нерӯи зеҳнии худ дар ҷомеа мавқеи муҳимро касб намудаанд. Миёни донишмандони ҳуқуқшинос ва сиёсатшинос ва таърихнигорон дар ҷаҳони муосир баҳсе доман густурдааст, ки аввалин баёнгари ҳуқуқу озодиҳои инсон кадом ҳуҷҷат аст. Доир ба ин масъала ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Ақидае роиҷ аст, ки чунин ҳуҷҷат Хартияи Бузурги озодӣ мебошад, ки он дар асри XIII (соли 1215) дар Англия навишта шудааст. Аммо бозёфту далелҳои раднопазире мавҷуданд, ки қадима будани Маншураи Куруши Кабирро тасдиқ мекунанд. Идеяҳои Эъломияи ҳуқуқи башар, ки соли 1948 дар Созмони Миллали Муттаҳид қабул шудааст, ҳазорсолаҳо пештар аз ҷониби ниёкони мо пешкаши ҷаҳониён гашта буданд. Бо эҳё ва таҷлили 2550- солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир метавонем бори дигар ба ҷаҳониён аз таърихи куҳани миллати тоҷик башорат диҳем. Ва пояи миллати худро ҳамчун миллати таърихиву куҳанбунёду тамаддунофар мустаҳкамтар намоем.
Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар шаҳрванди худшиносу худогоҳи миллӣ тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро мунтазам ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона месозад ва кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонда, ҳамагон барои ба наслҳои оянда як мулки обод мерос гузоштан талош менамоем.
и.в. мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ,
ДТТ
Асомуддини А.