Санаи 30-уми декабри соли 2024 ҷаласаи раёсати Донишгоҳ бо масъалаи асосӣ – омӯзиши Паёми навбатии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. зимни баромад ба аҳли раёсат иброз намуд, ки Паёмҳои Пешвои миллат ба Парлумони кишвар ва мардуми мамлакат яке аз муҳимтарин ҳуҷҷате баҳисоб меравад, ки дар муддати сол ба тарзи фарогирии дастовардҳои миллӣ дар ростои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, илм, фарҳанг, маориф ва таъмини амнияти кишвар таҳлилу арзёбӣ гардида, нақшаҳои соли минбаъдаро таҳия ва дар асоси онҳо дурнамои рушди ҷомеаи моро муайян месозад.
Паёми имсолаи Пешвои миллат дар соли 2024 аз ояндаи боз ҳам дурахшонтари мардуми тоҷик гувоҳӣ дод. Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти маҳбуби кишвар пайваста дар фикри некӯаҳволии мардум ҳастанд. Нуқтаҳое, ки дар Паём оиди рафъи монеаҳои ҷойдошта ироа гардид, як роҳи дурахшони фардои зебо доштани мардуми тоҷикро баёнгар аст.
Мавсуф таъкидан аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат қайд намуд, ки дар замони нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар андеша намоем. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро, мо ҳам мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро дорем ва ин аст ҳадафи олии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон.
Дар поёни ҷаласа вобаста аз самтҳои Донишгоҳ ба масъулин дастур дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, фаъолияти хешро дар заминаи дастуру супоришҳои дар Паём омада ба роҳ монанд.
ДТТ, 30.12.2024